Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи олӣ: «Хуҷанд» - ғолиби давраи аввал


Лаҳзае аз бозии "Регар" ТадАЗ 3:1 "Вахш"

Лаҳзае аз бозии "Регар" ТадАЗ 3:1 "Вахш"

«Хуҷанд»-и Хуҷанд ғолиби давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шуд.

Футболбозони Хуҷанд дар бозии даври охирини марҳилаи аввали мусобиқа 31-уми май дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар дастаи мизбон – «Парвоз» - бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Голҳои «Хуҷанд»-ро Баҳодур Шарифов (дақиқаи 45-ум), Пирмурод Бурҳонов (дақиқаҳои 62-юм ва 80-ум) ба самар расонданд. Як голи «Парвоз»-ро Асадулло Бобоҷонов дар дақиқаи 60-ум зад.

Вале «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки то даври охирин ягон бозиро бой надода, дар ҷои аввал буд, дар меҳмонӣ аз «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Дар ин бозӣ сардовар Ориф Ҷӯраев ду бор ҷаримаи 11-метра таъин кард. Нахуст бозигари мизбонон Маъруф Рустамов дар дақиқаи 36-ум аз пенолти ҳисобро кушод. Капитани «Регар» ТадАЗ Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 53-юм голи дуввумро ба ҳадаф расонд. Баъди панҷ дақиқа ҳамлагари «Вахш» Нуъмонҷон Ҳакимов аз пенолти ҳисобро тағйир дод. Тӯби севуми мизбононро Комил Саидов дар дақиқаи 64-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.



«Истиқлол»-и Душанбе дар сафар бар «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард. Ба ду голи меҳмонон Юсуф Рабиев (дақиқаи 43-юм) ва Дилшод Восиев (дақиқаи 54-ум) мизбонон Аъзам Ҳусейнов (дақиқаи 65-ум) ва Зокир Бердиқулов (дақиқаи 86-ум) бо ду гол ҷавоб доданд. Голи ҳалкунандаро бошад, бозигари «Истиқлол» Дилшод Восиев дар замони изофӣ (90+4) ба самар расонд.

«Энергетик»-и Душанбе бар дастаи мизбон – ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳамлагари «Энергетик» Сӯҳроб Ҳамидов дар дақиқаҳои 10-ум ва 44-ум ду гол зад. Даҳ дақиқа пеш аз хотимаи бозӣ Искандар Гадоев ҳисобро тағйир дод.

«Гвардия»-и Душанбе дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Ду голи мизбонон ба Фарҳод Норбоев (дақиқаи 4-ум) ва Исфандиёр Загуров (дақиқаи 10-ум) ва як голи меҳмонон ба Наврӯз Рустамов (дақиқаи 45-ум) мутааллиқанд.

Бад-ин тартиб дар бозиҳои давраи аввали мусобиқа ду даста – «Хуҷанд» ва «Вахш» натоиҷи мушобеҳ (7 ғалаба, 1 мусовӣ, 1 бохт) - 22-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» (22-7, яъне +15) ба ҷои аввал баромад. «Вахш» (таносуби тӯбҳояш 18-8, яъне +10) ба ҷои дуввум фуромад. «Регар» ТадАЗ бо 20 имтиёз дар ҷои севум мебошад. «Истиқлол» бо 17 имтиёз дар ҷои 4-ум қарор дорад.

Мубориза барои дарёфти медалҳо ва унвони қаҳрамонӣ байни ин чор дастаи пешсаф дар давраи дуввуми мусобиқа, ки авоили моҳи сентябр оғоз меёбад, хеле шиддат хоҳад гирифт.

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

9

7

1

1

22-7

22

2.

«Вахш»

9

7

1

1

18-8

22

3.

«Регар» ТадАЗ

9

6

2

1

18-8

20

4.

«Истиқлол»

9

5

2

2

17-13

17

5.

«Парвоз»

9

3

4

2

12-10

13

6.

«Энергетик»

9

3

1

5

21-17

10

7.

«Равшан»

9

2

2

5

14-17

8

8.

«Спитамен»

9

1

3

5

9-17

6

9.

«Гвардия»

9

1

2

6

4-29

5

10.

CСKA «Помир»

9

0

2

7

7-19

2


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») ва Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 8-голӣ, Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»), Юсуф Рабиев («Истиқлол») ва Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») - 6-голӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG