Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври дуввуми Лигаи аввал


Бозиҳои даври дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи аввал баргузор шуданд.

«Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Бо ҳамин ҳисоб «Локомотив»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ ғалаба кард. «Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Бозии «Хайр»-и Ваҳдат бо дастаи меҳмон – «Барқ»-и Норак бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Бад-ин тартиб дар ҷадвали мусобиқа «Саройкамар» бо 6 имтиёз дар ҷои аввал ва «Хайр» бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 3-юми июн:

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар» (Панҷ)

2

2

0

0

4-2

6

2.

«Хайр» (Ваҳдат)

2

1

1

0

6-2

4

3.

«Панҷшер» (Румӣ)

2

1

0

1

8-1

3

4.

«Ҷавонон» (Турсунзода)

1

1

0

0

4-0

3

5.

«Ҳулбук» (Восеъ)

2

1

0

1

3-6

3

6.

«Локомотив» Душанбе)

2

1

0

1

1-4

3

7.

«Барқ» (Норак)

1

0

1

0

0-0

1

8.

РШВСМ (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

9.

«Зарафшон» (Панҷакент)

2

0

0

2

1-3

0

10.

«Рангонгаз» (Рӯдакӣ)

2

0

0

2

1-10

0


Беҳтарин голзанҳо: Дилшод Табаров («Хайр») ва Саймурод Юнусов («Панҷшер») - 4-голӣ.

Бозиҳои даври 3-юм: 3-юми июн – «Панҷшер» - РШВСМ, - «Ҷавонон» - Хайр», 4-уми июн - «Барқ» - «Ҳулбук», «Саройкамар» - «Локомотив», «Зарафшон» - «Рангонгаз».

Давраи аввали мусобиқа то 12-уми июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG