Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурзандози тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Бразилия рекорди нави инфиродӣ гузошта, боз ду медал ба даст овард.

Дар даври дуввуми ин мусобиқоти пурнуфузи силсилаи Гран-при, ки дар шаҳри Уберландия баргузор шуд, зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон ширкат карданд.

Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба дурии 79 м 28 см ҳаво дода, ғолиби сабқат шуд ва рекорди нави инфиродӣ гузошт. Рекорди пешини ӯ, ки соли гузашта дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон гузоштааст, 79 м 5 см буд.

Ин дафъа Примош Козмус, аз Словения, ғолиби Олимпиадаи Пекин-2008, бо натиҷаи 78 м 61 см дар ҷои дуввум қарор гирифт.
Марко Лингваи итолиёвӣ бо натиҷаи 76 м 57 см севум шуд. Шимон Сиолковский, аз Лаҳистон, ғолиби Олимпиадаи Сидней-2000-ум, бо натиҷаи 75 м 95 см ҷои чаҳорумро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Козмус дар мусобиқаи пешини Premio Mario Caixa de Atletismo дар Рио-де-Жанейро ҷои аввал ва Дилшод Назаров ҷои дуввумро соҳиб шуда буданд.

Даври севуми мусобиқоти силсилаи Гран-при Grande Premio Brasil Caixa de Atletismo дар шаҳри Белеми Бразилия баргузор шуд. Ин дафъа қаҳрамони олимпӣ Примош Козмус гурзро ба дурии 79 м 90 см ҳаво дода, боз ғолиби мусобиқа гашт. Ин натиҷаи нишондодаи ӯ беҳтарин натиҷаи мавсим мебошад.

Дилшод Назаров бошад, бо натиҷои 78 м 47 см ҷои дуввумро касб кард. Марко Лингва бо натиҷаи 76 м 57 см боз севум шуд. Вале Шимон Сиолковскийи 32-сола бо натиҷаи 74 м 52 см дар ҷои панҷум қарор гирифт.

Бад-ин тартиб аз рӯи натоиҷи мусобиқоти пурнуфузи силсилаи Гран-при ИААФ Примош Козмус 30 имтиёз, Дилшод Назаров 28 имтиёз ва Шимон Сиолковский 18 имтиёз ба даст овардаанд.

Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Назарови 27-сола, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 15-ум то 23-юми август дар шаҳри Берлини Олмон доир мешавад, боз дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG