Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лӯлаи сулҳ" дубора зинда мешавад


Имзои созишномаи ҳамкории 25-сола миёни Эрону Покистон, ки дар чаҳорчӯбаш Эрон қасд дорад, ҳар рӯз дастикам 150 миллион метри мукааб газашро ба Покистони ҳамсоя содир кунад, тарҳи фаромӯшшудаи маъруф ба “Лӯлаи сулҳ”-ро дубора зинда кард.

Дар бораи тарҳи кашидани лӯлаи газ аз қаламравҳои Эрон Покистон ва Ҳиндустон як муддат ҳеҷ хабари нав ба гуш намерасид, аммо баъд аз он ки ахиран дар ҳошияи нишасти минтақаие дар Теҳрон раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва сарвари Покистон Осиф Алии Зардорӣ мулоқоте анҷом доданд, вазъият куллан тағйир ёфт.

Дар расми имзои созишнома раҳбарони ду кишвар дар бораи дурнамои бунёди ин лӯла хабар доданд. Тибқи нақша, қарор аст, хати лӯлаи газ дар шаҳри Асалуяи Эрон шурӯъ шуда, ба Покистон ва ҳатто эҳтимол аст, ба Ҳиндустон кашида шавад.

Аммо барои амалӣ шудани ин тарҳ чанд монеъаи умда вуҷуд дорад.

Нахустин ва монеаи асосӣ роҳҳои сармоягузории ин тарҳ хоҳад шуд. Ҳадс зада мешавад, ки барои анҷоми аввалин қадами тарҳ, яъне, кашидани лӯлаи газ ба масофаи ду ҳазору сад километр аз майдони газии Форси ҷанубии Эрон ба Покистон наздики ҳафт миллиарду 500 миллион доллар зарур хоҳад шуд. Баъд аз ин барои интиқоли газ ба Ҳиндустон боз 600 километр лӯла бунёд кардан зарур мешавад.

Дар ҳоле ки нақшаи ҳамсон ва рақиби он - хати лӯлаи Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро Бонки осиёии рушд пуштибонӣ мекунад, нақшаи Эрону Покистонро ягон ниҳоди байналмилалии молӣ дастгирӣ нахоҳад кард. Илова бар ин, нақшаи Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дар баробари мухолифати ниҳодҳои молӣ ва ё байналмилалӣ чандон осебпазир нест, дар ҳоле ки ширкати Эрон, ки ба хотири барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш мавриди инзивои ҷомеаи байналмилалӣ қарор дода шудааст, метавонад сабаби мухолифат шавад.

Аммо ҳардуи ин лоиҳаҳо дорои паҳлӯҳои заъиф низ мебошанд, ва пеш аз ҳама ба хотири ин ки бояд аз минтақаи Балуҷистони Покистон убур кунанд. Бо дарназардошти он ки миллатгароёни балуҷ аллакай хатҳои лӯлаи гази маҳалиро дар Покистон таркондаанд мавқеъашонро нисбати хати лӯлаи байналмилалӣ мешавад ба осони пешгӯӣ кард. Балуҷҳо барои касби мустақилияти бештар аз Исломобод солҳои тулонӣ аст, ки мубориза мебаранд.

Аҳмадинажод ва Зардорӣ, ки дар расми имзои созишнома аз ҷониби намояндагони ширкатҳои газии кишварҳояшон ҳузур доштанд, аз посух додан ба чунин саволҳои мушкил фирор карданд. Бар иваз, ҳар ду раҳбар имзошавии созишномаро баъд аз 10 соли гуфтушунидҳо истиқбол карданд.

Мушовири раисҷумҳури Покистон дар умури захоири нафт Осим Ҳуссайн ба хабарнигорон гуфт, Созишномаи расмии бунёди хати лӯлаи газ баъд аз 15 рӯз дар кишвари севум ба имзо мерасад. Ҳусайн аз номи ҳеҷ кишваре ёд накард, аммо алоқамандии деринаи Деҳлии Нав ба чунин як лоиҳа аз ҳуввияти “кишвари сеюм”-и алоқаманди иҷрои ин тарҳ бемушкил ёдовар мешавад.

Амалишавии ин тарҳ бо назардошти муносибатҳои мураккаби Исломобод ва Деҳлии Нав хеле шубҳанок ба назар мерасад, аммо Покистон гуфтааст, ҳатто агар Ҳиндустон аз ширкат дар ин нақша худдорӣ кунад, Исломобод ин хати лӯларо бунёд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG