Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нахли тиллоӣ"-и Канн ба Вена меравад


Ҷашнвораи мӯътабари синамои Канн бо пирӯзии ҳунармандони аврупоӣ хотима ёфт, ки ҷоизаи аслии он “Нахли Тиллоӣ"-ро бо худ бурданд.

Доварони ҷашнвора бо раҳбарии Изабел Юппер, коргардони варзидаи фаронсавӣ филми тарсноку ноумедкунандаи “Навори Сафед”, офаридаи коргардони австриягӣ Майкл Ҳаннекеро сазовори ин ҷоиза донистанд, ки мояи ифтихор барои ҳар коргардон маҳсуб мешавад. Дигар аз ҷоизаҳои ҷашнвораи байналмилалии Каннро асосан коргардонҳои аврупоӣ аз они худ карданд.

Вале баъзе аз коргардонҳои маъруфи ҷаҳон аз ҷашнвораи Канн баъзе бо дасти холӣ баргаштанд, аз ҷумла Педро Алмодовар, Кен, Лоак ва Анг Лӣ, ки доварон ҳатто номи онҳоро нагирифтанд. Танҳо Квентин Тарантино, ки бо филмҳои тарснокаш маъруф аст, тавонист як ҷоизаро ба даст биёрад ва он ҷоизаро ҳам Кристофер Волтз қаҳрамони филми Тарантино барои офаридани беҳтарин нақши мардона соҳиб шуд. Аммо филми Майкл Ҳаннекеро воқеан сазовори ҷоизаи “Нахли Тиллоӣ” медонанд, ки доир ба ҷиноятҳои ваҳшатноку торике дар як рустои Олмон дар аввали қарни гузашта қисса мекунад. Ин филми сиёҳу сафедро худи Майкл Ҳаннеке филме доир ба “сарчашмаҳои шарр” унвон кардааст.

Таҷрибаи Майкл Ҳаннеке дар бурдани ҷоизаҳои Канн зиёд аст, зеро ӯ ду маротиба дар солҳои 2001 ва соли 2005 барои ҷоизаҳои “Гран При” ва ҷоиза барои беҳтарин коргардониро дар ин ҷашнвора соҳиб шудааст.

Аммо дар ҷашнвораи имсола дуввумин ҷоизаи арзишманди Каннро ба коргардони фаронсавӣ Жак Одиар ва офарандаи филми “Паёмбар” доданд. Ин филм достони як араби ҷавони бесаводу беимонест, ки ба як зиндони шаҳри Париж меафтад ва аз онҷо ҳамчун қотили касбӣ, раҳбари гурӯҳи қочоқбар ва мусулмони эътиқодманд берун меояд. Барои эҳтиром ба яке аз саромадони синамои нави Фаронса, ҷоизаи “Ҷашнвораи Байналмилалии Канн”-ро ба Алан Ренеи 87 сола - коргардони варзидаи фаронсавӣ супурданд, ки филми “Алафи бегона”-и худро ба озмун оварда буд.

Шарлотта Генсбури фаронсавӣ, барои нақшаш дар филми ҷанҷолбарангези “Даҷҷол” ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди занро ба даст овард, ки саҳнаҳои тасвирии ваҳшатноки фаҳш ва тавҳинро дорад. Ҳунармандони Осиё аз Канн бенасиб нарафтанд ва коргардони филиппинӣ Бриянте Мендоза ҷоиза барои “беҳтарин коргардониро” бо худ бурд. Филми “Кинатай” ӯ низ аз хушунат холӣ нест ва саҳнаи қатли фоҳишаеро намоиш медиҳад, ки чӣ гуна бо корди кунди қассобӣ порааш мекунад. Ҷоиза барои беҳтарин сенарияро ба коргардони чинӣ Лу Йе доданд, ки филми “Васвасаи баҳорӣ”-ро ба Канн оварда буд. Ҷашнвораи 62-уми Канн 12 рӯз идома кард ва таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ низ мушоҳида мешуд ва аломати он ҳузури ками ситораҳои синамо ва шабнишиниҳои баъд аз филмҳо буд, ки имсол камтар баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG