Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Петреус дар меҳмонии радиои Озодӣ


Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, дар меҳмонии радиои Озодӣ
Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, дар меҳмонии радиои Озодӣ

Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо радиои Озодӣ мавқеашро дар робита бо масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷаи ИМА, вазъи Покистон, амалиёти низомӣ дар Афғонистону Ироқ ва масоили дигар баён намуд.

ТАҲДИДИ ТОЛИБОН БА МИНТАҚА

Петреус дар робита ба нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷанги Амрико дар Афғонистон низ сӯҳбат кард ва гуфт, ки ба назараш, ҷангиёни ифротгаро, ки дар Афғонистону Покистон паноҳ бурдаанд, ба тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳатто Эрон, таҳдид мекунанд. Вай гуфт, ки маводи мухаддире, ки дар Афғонистон парвариш мешавад, шумораи зиёди аҳолии ин кишварҳоро ба ғуломони худ табдил додааст ва дар ивази сабқат ба дарёфти манобеи ин минтақа ҳамаи ин кишварҳо бояд аз ҳамкорӣ бо НАТО ва ИМА манфиати бештар бигиранд.

Вай гуфт, “ин таҳдидҳои муштарак, ифротгароӣ ва маводи мухаддир, ҳамкорӣ ва мушорикати васеъро тазмин медиҳад на идомаи бархурди беэътиноии “Бозии бузурги” нав ё агар дигар хел гӯем, сабқат барои нуфуз ва манобеи энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ. Воқеият ин аст, ки дар чор моҳи охир ман аз ҳар як ин кишвар боздид карда, бо раҳбаронашон мулоқот доштам ва мо дар ҳақиқат бо онҳо дар мавриди транзити бору муҳимот аз тариқи қаламравҳояшон ба тавофуқ расидем, ҳатто Русия инро пуштибонӣ мекунад. Созишномаҳо бо кишварҳои ҷудогона аз якдигар фарқ мекунанд, ба вижа бо Узбакистон созишномаи муҳим имзо шуд, чунки ҳамаи роҳҳо ба Афғонистон аз тариқи Узбакистон мегузаранд. Ва мо умед дорем, ки ин намуди ҳамкорие, ки мо дорем, дар оянда ба маротиб беҳбуд меёбад”.

Генерал Петреус дар меҳмонии Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:41 0:00


Манзури Дейвид Петреус тавофуқи Амрико бо Тоҷикистону Узбакистон оид ба интиқоли маводи ғайринизомӣ ба Афғонистон барои кӯмак ба нерӯҳои эътилофӣ мебошад. Ҳафтаи гузашта яке аз мақомоти ҳукумати ғайрирасмии толибони Афғонистон Тоҷикистонро аз ҳамкорӣ бо Амрико дар ин замина ҳушдор дод. Вале дар Душанбе ба ин таҳдидҳо ба таври расмӣ посухи мушаххасе надодаанд.

МАСЪАЛАИ БАСТАШАВИИ ГУНТАНАМО

Басташавии Гуантанамо ва усулҳои дурушти бозпурсии боздоштшудагони он мавриди нигарониҳои ҷиддии маҳфилҳои сиёсии ИМА қарор гирифтааст. Аксарият дар сангари демократҳо ва ҷумҳурихоҳҳо суол мекунанд, ки оё басташавии ин зиндон ва манъи истифодаи тарзҳои дурушти бозпурсии гумонбарон дар терроризм идомаи маъмуриятҳои низомиёнро дар Афғонистону Ироқ ва умуман муборизаро бо гурӯҳҳои байнулмилалии ифротгароён мушкилтар хоҳад кард?

Дар посух ба ин савол генерал Петреус гуфт, ки агар ҳангоми анҷоми ин нақшаҳо мувозинат аз даст наравад, ин иқдом ҳатто ба нафъи кор хоҳад буд: “Дар робита ба Гуантанамо, ман бар ин назарам, ки агар басташавии он бояд бо масъулият сурат бигирад. Як чиз маълум аст, ки роҳҳои қобили қабули ин амалро дар айни ҳол вазорати адлия дида мебарояд. Ман бо додситони кулл сӯҳбат доштам ва онҳо хеле фаъолона кӯшиш доранд мушаххас кунанд, ки бо боздоштшудагони боқимонда чӣ кор кунанд. Манзурам аз нигоҳи ҳуқуқӣ оё дар ҳабс нигаҳдоштани онҳо зарур аст ё хайр. Ман фикр мекунам, ки агар мо ин корҳоро бомасъулият анҷом диҳем, ин аз як тараф пайёми муҳиме ба тамоми ҷаҳон хоҳад буд ва аз дигар ҷониб тасдиқ хоҳад кард, ки ИМ созишномаи Женева дар робита ба бархурд бо боздоштшуданро эътироф ва иҷро мекунад.”

ВАЗЪИ АМНИЯТИ ИРОҚ

Тибқи тавофуқи миёни ИМА ва ҳукумати Ироқ, нерӯҳои низомии амрикоӣ бояд то таърихи 20-уми июн аз тамоми шаҳрҳои Ироқ хориҷ шаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки сарбозони амрикоӣ ҷузъи калидии стратегияи таъмини амнияти он кишварро ташкил медоданд ва бо рафтани онҳо вазъият метавонад мураккабтар шавад. Саволе ба миён меояд, ки то чи андоза ҳукумати Ироқ ва нерӯҳои амниятии он барои гирифтани чунин масъулият омодаанд?

Петреус гуфт, ки дар ҳақиқат артиши Амрико таъмини амнияти шаҳрҳо ва вилоятҳои кишварро аллакай чанд сол қабл ба ироқиҳо супоридааст ва ҳузури сарбозони ИМА танҳо дар се шаҳр - Бағдод, Мосул ва Бақуба - чашмрас аст. Генерал афзуд, ки сатҳи тайёрии низомиёни ироқӣ ва шумораи онҳо ба карат афзудааст. Ба гуфтаи Петреус, шумораи артиш ва полиси Ироқ беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва вай бовар дорад, ки онҳо аз ӯҳдаи ин кор мебароянд.

САРМОЯГУЗОРОНИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Дар мавриди роҳҳои сармояи гурӯҳҳои ифротии исломӣ, аз ҷумла Толибон ва кӯшиши ҷилавгирӣ аз сармоягузории онҳо низ суол шуд ва генерал гуфт, ки толибон дар маҷмӯъ аз се манбаи асосӣ бо пул таъмин мешаванд. Пеш аз ҳама ин даромад аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дуввум - даромад аз фаъолиятҳои гуногуни ҷиноӣ назири одамрабоӣ буда, сеюм - ин пулҳоест, ки аз хориҷа, шояд аз кишварҳои халиҷи Форс ба он ҷо мерасад. Аммо Петреус гуфт, далели он, ки ин пулҳо дар ҳақиқат аз Арабистони Саудӣ ё дигар кишвари ҳамсоя дастраси Толибон мешаванд, дар даст нест ва агар чунин маълумот ба даст афтад, он суратҳисобҳо фавран баста хоҳанд шуд.

ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН

Хабарнигори Озодӣ дар идома суол кард, ки агар ҳадафи аслии Амрико дар Афғонистон ҷилавгирӣ аз табдилшавии ин кишвар ба паноҳгоҳи Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳҳои тундрави исломӣ бошад, пас ин маънои онро дорад, ки ба ҳукумати Афғонистон дар мавриди эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои шаҳрвандон ва демократия ягон фишоре оварда нахоҳа шуд:

“Дар ҳақиқат ҳам бидуни шубҳа ҳукумати Афғонистон барои касби пуштибонии мардуми кишвараш бояд корро беҳтар ба роҳ монад, ин ҳам хидмат ба шаҳрвандони кишвар хоҳад шуд ва ҳам мардум қонунияти онро эътироф хоҳанд кард. Ва ба назарам, раисиҷумҳур Карзай дар воқеъ нахустин шуда, инро дарк хоҳад кард, вай инчунин дарк хоҳад кард, ки фасоде, ки дар борааш зиёд навиштаанд, сабаби ба миён омадани чунин мушкилот шудааст. Дар ҳақиқат ҳам ба фаъолияти ғоратгаронаи баъзе ашхоси ҷудогонаи ҳукумати Афғонистон бояд хотима бахшид. Хеле муҳим аст ки ҳукумат ин чораҳоро рӯи даст бигирад”.

Зимни мусоҳибааш бо радиои Озоди генерал Петреус боз мавзӯъҳои мубрами дигар назири Покистону бархурдаш бо ифратгароёни исломӣ, зарбаҳои ҳавоии низомиёни Амрико ва талафот миёни аҳолии осоиштаи Афғонистону Покистон ва имкони музокирот бо Толибонро матраҳ намуд.
XS
SM
MD
LG