Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи нахустин сабқати қаҳрамонони шатранҷи тоҷик, мусобиқаи дастаҳои лигаи олии футболи кишвар ва пирӯзии «Регар» ТадАЗ дар сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC нақл мекунем.

Нахуст шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно месозем.

Дастаи «Шахтёр»-и Донетски Укроин барои бори аввал барандаи Ҷоми УЕФА гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки 20-уми май дар Истамбули Туркия баргузор шуд, бар тими «Вердер»-и Бремени Олмон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Луис Адриано, бозигари «Шахтёр», дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Баъди 10 дақиқа Апаресидо Налдо ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро дар замони изофӣ, дар дақиқаи 97-ум Жадсон-Срна ба самар расонд.

Шӯрои олимпии Осиё санаи баргузории аввалин Бозиҳои қитъавиро оид ба навъҳои варзиши ҷангӣ тасдиқ намуд. Ин бозиҳо аз 1-ум то 9-уми август дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок баргузор хоҳанд шуд. Ба иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо, инчунин, варзишгарони тоҷик ширкат хоҳанд кард.

Гус Ҳиддинк, мураббии «Челси», баъди ғалаба дар бозии охирини хонагиаш дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бридж» бар дастаи «Блэкберн», бо мухлисон хайрухуш кард. «Челси» бозии охиринашро дар чемпионати Инглистон дар сафар бо дастаи «Сандерленд» анҷом медиҳад, сипас дар бозии ниҳоии Ҷоми Инглистон бо «Эвертон» рақобат мекунад. Пас аз ин ду бозӣ мавсими футбол дар Инглистон хотима меёбад ва мӯҳлати қарордоди мураббии 62-солаи ҳуландӣ Гус Ҳиддинк бо «Челси» ба анҷом мерасад.

Мураббии дигари маъруфи ҳуландӣ Дик Адвокат бошад, қарордодашро бо «Зенит»-и Санкт-Петербург тамдид нахоҳад кард ва моҳи декабри соли 2009 дастаро тарк менамояд. Вай барои сарварии тими миллии Ҳуланд розигӣ додааст ва дар замони наздиктарин қарордоди дусоларо имзо хоҳад кард.

Дастаҳои футболи «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон ва «Барселона»-и Испания, ки дар чемпионати кишварҳои худ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, алъон ба бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо омодагӣ мебинанд. Ин дидор 27-уми май дар пойтахти Италия - шаҳри Рим баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки «Манчестер Юнайтед» се бор - солҳои 1968, 1999 ва 2008 Ҷоми қаҳрамонони Урупоро ба даст овардааст. «Барселона» бошад, ду бор - солҳои 1992 ва 2006 барандаи ин Ҷом гардидааст.

Сипас гузорише дорем дар бораи пирӯзии шатранҷбози машҳури тоҷик Фаррух Амонатов дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонони шоҳмоти Тоҷикистон.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Вахш"
Инчунин дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки алъон дар сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон пешсаф аст, ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Ҳамчунин ба шунавандагони маҷалла дар бораи натоиҷи бозиҳои дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ғолиб шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниманиҳоӣ гаштааст, гузориш медиҳем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG