Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нотавонии Русия дар баробари танзими муҳоҷират


Дар шаҳри Қазони Русия ҷаласаи хоси раисони хадамоти муҳоҷиратии кишварҳои Муштаракулманофеъ, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор шуд.

Дар оғози нишаст райиси Хадамоти федеролии муҳоҷиратии Русия Константин Ромодоновский эълон кард, ки ҳадаф аз ин ҳамоиш барномарезии ҷалби муташаккилонаи нерӯҳои корӣ дар густураи ҷуғрофиёии собиқ Иттиҳоди Шӯравист. Ин дар ҳолест, ки масъули умури муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳамадалӣ Ҷалилов мегӯяд, танзими муҳоҷират аз кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид надоранд, беҳудакорист. Чаро ки Русия ҳатто муҳоҷирати корӣ аз кишвари худ ба хориҷро танзим карда наметавонад

Намояндаи сафорат таъкид кард, дар бораи ҷаласаи муҳоҷиратии Қазон хабари саҳеҳ дар даст надорад ва аммо дар назар аст охирҳои моҳи май дар Самара як нишасти созандае бо пуштибонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷират баргузор шавад. Нахустин нишаст дар ин масъала дар Краснодар барпо шуд ва дар маҷмӯъ дар шаш минтақаи дигари Русия ҳам баргузор хоҳад шуд.

Константин Ромодановский, раиси хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия рӯзи 13 май дар мулоқот бо Шӯрои олии федератсиюни Русия эълон кард, соли 2008 ба Русия беш аз 14 миллион муҳоҷир ворид шудааст. Шумораи муҳоҷирони тоҷик ҳудудан 500 ҳазор гуфта шудааст. Ба гуфтаи Ромодоновский, шумораи муҳоҷирони Украин ва Қазоқистон аз ҳама бештар аст ва мутаносибан бештар қонуншиканӣ мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба қонун бештар эҳтиром доранд. Тайи се моҳи соли ҷорӣ беш аз даҳ ҳазор муҳоҷир аз Русия ронда шудааст. Ҳамзамон Ромадоновский бар он аст, ки иқтисоди рӯ ба рушди Русия бидуни бозуи кории муҳоҷирон наметавонад пеш равад.
XS
SM
MD
LG