Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми раиси АФК: «Регар» - ВАПДА - 0: 0


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода 14-уми май нахустин бозиашро дар сабқати интихобии Ҷоми раиси AФК-Конфедеросиюни футболи Осиё - дар Непал дар гурӯҳи «А» бо дастаи ВАПДА-и Покистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ин дидор бартарии комил дошт, вале бозигарони «Регар» ТадАЗ Иброҳим Рабимов, Давронҷон Тухтасунов ва Сардорбек Эминов аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Бозии дигари гурӯҳи «А» 14-уми май байни дастаҳои «Непал Полис Клаб» (Непал) ва «Тайван Пауэр Компани» (Тайван) доир мешавад.

«Регар» ТадАЗ 16-уми май бо дастаи «Тайван Пауэр Компани» бозӣ хоҳад кард.

Сабқати интихобӣ бо ширкати 11 даста дар се гурӯҳ доир мешавад. Нахуст 12-уми май сабқати дастаҳои гурӯҳи «В» шурӯъ шуд. Дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка тими мизбон «Абахани» бар дастаи «Шри-Ланка Арми» (Шри-Ланка) бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон дар аввалин бозии худ дар ин гурӯҳ 14-уми май бо тими «Шри-Ланка Арми» рақобат мекунад.

Бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Канбавза»-и Мянмар, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа ва «Йедзин»-и Бутан аз 14-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек доир хоҳад шуд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби сабқати интихобии гурӯҳӣ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2009, ки ахири сол баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG