Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Юсуф-паёмбар" ба Канн меравад


Синамогарони Эрон тасмим гирифтаанд, филми машҳури «Юсуф-паёмбар»-ро ба ҷашнвораи маъфури синамоии Канн пешниҳод кунанд.

Ин ҷашнвораи маъруфи ҷаҳонӣ ҳарсола дар шаҳри Канни Фаронса баргузор мешавад ва барои ҷоизаҳои он аз кишварҳои мухталифи дунё беҳтарин филмҳо пешниҳод мешаванд.

Филми бисёрсериягии «Юсуф-паёмбар» тайи ду моҳи ахир тавассути шабакаи телевизиёни давлатии Эрон пахш шуд ва ҳамзамон дар Тоҷикистон низ шӯҳрат пайдо кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин филм беш аз ҳар филми дигари эронӣ то кунун дар Тоҷикистон маҳбубият ёфта ва боиси истиқболи густардаи мардумӣ шудааст.

Синамобазми Канн, ки интизор меравад, дар он филми «Юсуф-паёмбар» ба намоиш гузошта шавад, 24-уми май баргузор хоҳад шуд.

"Юсуфи канъонӣ" кай ояд ба Тоҷикистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
XS
SM
MD
LG