Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои Атовулло Рақибов 3 соли ҳабс хост


Ҳукми ниҳоии додгоҳи ноҳияи Файзобод дар нисбати Атовулло Рақибов ва хоҳару ҳамсараш, пас аз зӯҳри рӯзи 28-уми апрел эълон хоҳад шуд.

Дар муҳокимаи Атовулло Рақибов дар Додгоҳи ноҳияи Файзобод, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додситонии кулли Тоҷикистон Шомаҳмадов Рақибовро ба аъмоли ҷиноӣ гунаҳкор намуд ва талаб кард, ки Атовулло Рақибов ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду хоҳар ва ҳамсари ӯ низ ду сол ҷазои шартиро тақозо намуд.
Прокурор барои Рақибов се сол пурсид ва барои он хонумҳо (хоҳар ва ҳамсари Рақибов) шартан дусолӣ...

Дар муҳокима афроде, ки Рақибовро гунаҳкор мекунанд, баёнот доданд. Аз ҷумла ронандае, ки шишаҳои экскаватори ӯ дар таърихи 14-уми сентябри соли 2010 дар ҷараёни тахриби хонаи Рақибовҳо шикаста шудааст, ҷараёни он рӯйдодро ҳикоят кард.

Дар айни замон ронандаи ин экскаватор ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай даъвои худро пас гирифтааст ва дар нисбати Рақибов ҷуз ҷуброни шишаи шикасти экскватори худ, даъвои дигар надорад. Қаблан додгоҳ ин товонро дар ҳудуди 1600 сомонӣ муқаррар карда буд.

РАДДИЯИ РАҚИБОВ

Рақибов иттиҳомотро рад кард ва баръакс эълом дошт, ки дар нисбати ӯ ба ноҳаққӣ ва зӯроварӣ роҳ дода шудааст. Вай аз додгоҳ дархост кард, ба парвандаи ӯ аз рӯи адл баҳо дода, ҳуқуқи ӯ ва аҳли хонаводаашро ба замин ва манзилаш барқарор намояд.

Атовулло Рақибов, ду хоҳар ва ҳамсараш, ки айбдоршавандагон буданд, аз хидмати вакил истифода накарданд, зеро гуфтаанд, ки барои пардохти ҳаққи вакили мудофеъ маблағ надоранд.

Талошҳои айбдоркунандаи давлатӣ, ҷараёни баҳс ва ба таъвиқ афтодани эълони ҳукм сабаб гардид, ки ҳамсари Атовулло Рақибов дар толор беҳуш афтод ва хоҳаронаш ӯро ба саҳни додгоҳ бароварда, хостори кӯмаки пизишкон шуданд. Ҳамсари Рақибов дар ҷараёни ин кашокаш бемори рӯҳӣ шуда, муддате дар бемористон зери назари пизишкон буд.

Худи Рақибов низ мегуфт, бо сабаби парастории ҳамсари бемораш натавонистааст, ба ҷаласаи додгоҳ равад. Вале додгоҳ ин шароитро ба назар нагирифт ва дар ҷаласаи қаблияш ҳукми боздошти Рақибовро содир кард.

ШАРҲИ ҲУҚУҚШИНОС


Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ ширкат дошт дар бораи чигунагии баргузории он ба радиои Озодӣ гуфт “ Худи мурофиа бисёр ором гузашт, суд ҳама он нормаҳои профессионалие, ки буд ба ҳар ҳол вайрон накард, ба тарафҳо пурра сухан дод, прокурор ҳам суханашро тамом кард ва фардо ҳалнома содир мешавад. Прокурор барои Рақибов се сол пурсид ва барои он хонумҳо (хоҳар ва ҳамсари Рақибов) шартан дусолӣ. Ба ҳар ҳол инро суд муайян мекунад”

Ҳоло додгоҳ бо шунидани назари ду тараф фурсати кофӣ дорад, далелу изҳороти онҳоро таҳқиқ кунад ва тасмим гирад. Интизор меравад, ки рӯзи дигар ҳалномаи додгоҳ эълон хоҳад шуд. Оё чӣ интизориҳо дар миён аст?

Хонум Бобоназарова дар ин робита мегӯяд: “Агар ҳамин масъалаҳои инсондӯстӣ ва адолат ба назар гирифта шавад, вай бояд озод карда шавад. Ба ҳар ҳол ман умедвор ҳастам ва инро фардо суд ҳал мекунад.”

Хабарнигори Озодӣ ба ин суол, ки ҷаноби Рақибов дар ҷараёни мурофиа чӣ гуна ба назар мерасид гуфт, ҷаноби Рақибов ҳар лаҳза мегуфт, ки мехоҳад, аз рӯи қонун ба парвандаи ӯ расидагӣ шавад ва баён медошт, ки ҳеҷ яке аз айбҳоеро, ки ӯро гунаҳкор кардаанд, ба гардан намегирад. Ӯ аз додгоҳ талаб кард, ки ба қазияи ӯ ба таври одилона расидагӣ шавад.

Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ҳудуди ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул, Додгоҳи олӣ ва Ваколатдори ҳвуқуқи инсони Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба ин қазия бетарафона бархӯрд накардааст.

Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш ду бор дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ гуруснанишинӣ эълон карданд, вале милиса онҳоро аз назди бино канор андохт ва баъдан Рақибовро боздошт кард. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо талоши пуштибонӣ аз Рақибов ва хонадони ӯ гурӯҳе таъсис ёфтааст, ки ахиран ба Додгоҳи байнулмилалии ҳуқуқи башар ва Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат карданд.
XS
SM
MD
LG