Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ва Туркманистон: ҳуқуқи башар ё захираҳои табиӣ?


Рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми апрел зиёрати як ҳайати Иттиҳодияи Аврупо аз Туркманистон оғоз меёбад.

Ба қавли коршиносон, натиҷагирии ин ҳайат ба равобити минбаъдаи Иттиҳодияи Аврупо бо Туркманистон таъсири бузург хоҳад дошт.

САФАРИ ҲАЙАТИ АВРУПОӢ БА ТУРКМАНИСТОН

Парламенти аврупоӣ дар тасвиби созиши таҳкими ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои олам нақши муҳим дорад. Моҳи январи соли равон Кумитаи равобити байналмилалии парламенти аврупоӣ Созиши мушорикат ва ҳамкорӣ бо Туркманистонро тасдиқ карда, роҳро барои тасвиби ин санад дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо боз намуд.

Аммо ҳоло коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки набудани пешрафт дар эҳтироми ҳуқуқи башар имкон дорад тасвиби созиши мушорикат ва ҳамкорӣ бо Туркманистонро ба таъхир андозад.

Ана Гомеш, узви парламенти аврупоӣ аз Португалия ҳамроҳ бо панҷ вакили дигари ин маҷлис ба Туркманистон бо вазъият аз наздик ошно мешаванд. Ҳайат ҳадаф дорад, ки дар баробари мулоқот бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, бо маҳбусони сиёсии ин кишвар дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Хонум Гомеш таъкид мекунад, ки таъхири тасвиби созиш набояд чун инзивоъгузории Туркманистон арзёбӣ шавад: “Ҳеҷ кас бовар надорад, ки дуршавӣ ва инзивоъгузорӣ беҳтарин шакли равобит бо кишварҳо бошад ва аз ҷумла бо режимҳое, ки ниёз ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун доранд. Биёед бубинем, ки дар ҷараёни ин сафар чӣ иттифоқ меафтад. Мо ба вазъи ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун дар ин ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳ хоҳем кард.”

ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ, ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА Ё ҲАР ДУ ?

Дар ҳамин ҳол Хадамоти равобити берунаи Иттиҳодияи Аврупо бо умеди беҳбуди вазъ дар Туркманистон саъй дорад, равобити Брюссел ва Ашқободро ба танзим дарорад. Ба қавли мансабдорони аврупоӣ, дар чунин ҳол таъсири Иттиҳодия рӯи умури Туркманистон бештар хоҳад шуд. Чаҳор ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ ва дар байни онҳо Тоҷикистон Созиши ҳамкорӣ ва мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб намуда дар пайи иҷрои он ҳастанд.

Дар мавриди Туркманистон назари парламенти аврупоӣ бо ниҳодҳои иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, яъне бо Комиссияи аврупоӣ яксон нест. Баъзеҳо бо ишора ба захираҳои бузурги гази табиӣ дар Туркманистон таҳкими равобит бо ин кишварро муҳим мешуморанд. Дигарон бар ин назаранд, ки сарфи назар аз захираҳояш, Туркманистон бояд ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонунро эҳтиром кунад.

Дар шаҳри Ню-Йорк корманди Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч Вероника Сзенте Голдстон иброз дошт, ӯ дар тааҷҷуб аст, ки чаро мансабдорони аврупоӣ ду масъаларо ба ҳам намепайванданд: “Ташвиқи эҳтироми ҳуқуқи башар ва таҳкими равобит дар соҳаи энергетикаву манфиатҳои стратегӣ хилофи ҳам нест. Иттиҳодияи Аврупо бояд дар пайи иҷрои ҳамзамони ҳар ду ҳадаф бошад.”

"МУКОЛАМА, МУКОЛАМА ВА БОЗ ҲАМ МУКОЛАМА"


Ин ақидаро ҳомиёни ҳуқуқи башари Туркманистон, ки ҳоло дар ҳиҷрат ба сар мебаранд, дастгирӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта ҳангоми баҳс дар Кумитаи равобити байналмилалӣ, Фарид Тухбатулин, фаъоли ҳуқуқи башари Туркманистон гуфт: “Ман намефаҳмам, ки чаро Иттиҳодияи Аврупо дидаву дониста стратегияаш дар Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро тағйир намедиҳад. Онҳо фақат муколама доранду муколамаву боз ҳам муколама. Бист сол шуд, ки муколама давом дорад. Шояд дар оянда чизҳо дигар шавад, вале ҳаёти мардум гузаро аст. Онҳо зиндагӣ мекунанду сипас вафот мекунанд. Барои онҳо бист сол муддати зиёд аст.”

Ҳомии дигари ҳуқуқи башари Туркманистон аз Иттиҳодияи Аврупо хост, то дар музокирот бо раҳбарони Туркманистон раҳоии тамоми маҳбусони сиёсии ин кишварро талаб кунанд.
XS
SM
MD
LG