Пайвандҳои дастрасӣ

Шуғли аслии тоҷикони Андарак низ мардикорист


Анҷумани 5-уми тоҷикони Қирғизистон. Августи соли 2008

Анҷумани 5-уми тоҷикони Қирғизистон. Августи соли 2008

Идомаи силсилагузориш дар бораи ҳаёти тоҷикони сокини рустои Андараки ноҳияи Лолак, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон.

Қаҳрамони мо - Мирзоалам Сафаров мактаби тоҷикии Андарак ва соли 1980 риштаи муҳандисии барқи донишгоҳи фаннии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ба гуфтаи Мирзоалам Сафаров, ба далели он ки дар ноҳияи Лолак мувофиқи ихтисоси худ шуғле пайдо карда натавонист, солҳост, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия ба мардикорӣ машғул аст. Мирзоалам афзуд, ки дар ҳамин ҳол нахустписари ӯ низ дар Русия машғули мардикорист.

Бино ба шаҳодати ҳамсӯҳбати мо, муҳоҷирони тоҷики Қирғизистон, ки аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия маишати оилаашонро таъмин мекунанд, зимни равуо тавассути қаламрави кишварҳои ҳамҷавор бештар аз ҳама ҷабр мебинанд. Мирзоалам Сафаров мегӯяд, вай зимни бозгашт ба ватан ба қатори Саратов - Хуҷанд савор шуд, аммо дар марзи Қазоқистон борҳо мавриди тафтиш ва талошии кормандони милисаи он кишвар қарор гирифт: «Онҳо касро ончунон таҳқир мекунанд, ки забон лол мемонад».

Ба таъкиди Мирзоалам Сафаров, дар марзи Тоҷикистон низ аҳвол барои муҳоҷирони корӣ яксон аст. Вай мегӯяд, аз дасти кормандони милисаи Тоҷикистон низ касро фақат ришва наҷот медиҳад: «Милисаҳо маҷбур мекунанд, ки баъди талошии кормандони гумрук дубора чизҳои борҷомаатро парешон созӣ. Баъд ришва мехоҳанд, ки ба хотири зудтар аз дасти онҳо халосӣ ёфтан медиҳиву наҷот меёбӣ.»

Ин сокини деҳаи Андараки Қирғизистон гуфт, баъзан шароит тақозо менамояд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ғайриқонунӣ ба кор машғул шаванд, аз ин лиҳоз онҳо зимни бозгашт ба кормандони милисаи чӣ Қазоқистону Ӯзбакистон ва чӣ Тоҷикистон дар мавриди он ки дар куҷо ва ба чи кор машғул буданд, ягон санад нишон дода наметавонанд: "Ҳақиқатан ҳам дар дасти мо, муҳоҷирони корӣ ягон санад мавҷуд нест. Ин аст ки мавриди бозпурсиҳои бештар қарор мегирем."

Ба гуфтаи Мирзоалам Сафаров, дар автобусҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷикро занҳои корчаллон ё ба истилоҳи худи муҳоҷирон “посредник”-ҳо роҳбаладӣ мекунанд, вазъият нисбатан беҳтар аст. Вай афзуд, вале зимни тафтиши борҷомаҳои муҳоҷирон ин занҳои корчаллон худро канор мегиранд ва аз ӯҳдаи иҷрои ваъдаи ба муҳоҷирон додаи худ намебароянд: «Онҳо худро ба купеҳо мезананд ва ҳаволаатро ба худо месупоранд. Ин занҳо аз Конибодом ва Пролетар ҳастанд. Корашон бурда овардани мо барин муҳоҷирони корӣ аст».

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Қирғизистон талош ба харҷ медиҳад, ки Русия квотаҳояшро барои муҳоҷирони кории қирғиз афзоиш диҳад. Аммо маълум нест, ки аз афзоиши ин квотаҳо тоҷиктаборони ноҳияи Лолаки вилояти Ботканд то чӣ ҳадд бархӯрдор хоҳанд шуд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG