Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Швейтсария ба 5 бемористон дар манотиқи мухталифи кишвар асбобу анҷоми тиббӣ ҳадя мекунад.

Бино ба иттилоъи намояндагии оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон, ба манзури расондани кумак асбобу анҷоми тиббӣ иборат аз таҷҳизоти ҷарроҳӣ, рахти хоб, дастгоҳҳои барқдиҳанда, либоси махсус барои парасторон ва ашёҳои дигар, иборат аз ҳафт қатора, вориди Душанбе шудааст.

Сарпизишки бемористони марказии Бадахшон Шоди Гулҳаёзов ин кумакро барои бемористонҳо муҳим арзёбӣ намуд. Вай гуфт, ки агарчи ахиран таъмини марокизи тиббӣ бо нерӯи барқ дар минтақа беҳбуд ёфтааст, аммо бар асари тасодум ва ногаҳон қатъ ёфтани барқ ҳодисаҳои пеш омадани мушкилот ҳангоми гузарондани ҷарроҳӣ, ки метавонистанд мунҷар ба ҳалокати бемор шаванд, ҷой доштаанд.

Ба гуфтаи сарпизишк, ҳамчунин бинобар камбуди рахти хоб бештари беморони шаҳр ва маҳалли зисташон наздик ҳангоми бистарӣ шудан асбобу анҷомашонро аз хонаҳояшон бо худ мегиранд. Сарпизишк афзуд, ки дар бемористон фақат як асбоби кӯҳнашуда ҳаст, ки таҷҳизоти ҷарроҳиро бо он тоза мекунанд ва дар қатори дигар лавозимот ба онҳо чунин як асбоби нави тозакунандаи асбобҳои ҷарроҳи кумак мешавад.

Ба гуфтаи сокини шаҳри Хоруғ Лайло Нафасшоева, хонаводаашон тез-тез барои табобати писарчаи маъюбашон ба бемористон муроҷиат мекунанд ва одатан аз косаву табақ сар карда, то рахти хобро бо худ мегиранд ва вай ба ҳайси парастор хилъати сафедро низ харид мекунад. Вай баён дошт, ки кумакҳои хайрия ба беҳтар шудани вазъи беморхона мусоид мекунанд.

Кумаки тибии Швейтсария ба ғайр аз бемористони марказии Бадахшон ба чаҳор бемористони дигар дар маркази чумҳурӣ, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ироа мешавад. Расондани чунин кумак ба дунболи як қарордод миёни оҷонсии Швейnсария оид ба рушд, вазорати тандурустии кишвар, маркази таҳқиқоти бемориҳои тропики Швейтсария ва Бунёди Оғохон амалӣ шуда, то соли 2010 идома меёбад.
XS
SM
MD
LG