Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин хиёбонҳову майдонҳои Маскав имрӯз саҳнаи роҳпаймоӣ ва тазоҳуроти ҳизбҳои сиёсии ҳоким ва мухолифини ин кишвар буд.

Бино бар гузориши вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин тазоҳурот беш аз 50 ҳазор кас ширкат карданд. Пуриздиҳомтарин роҳпаймоиро дар Маскав иттиҳодияҳои коргарӣ бо пуштибонии ҳизби “Русияи воҳид” баргузор карданд. Дар ин тазоҳурот 25 ҳазор нафар ширкат карданд ва хостаҳои синфӣ ва сиёсии худро изҳор намуданд. Онҳо аз сиёсати имрӯзаи давлат низ пуштибонӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби коммунисти Русия дар тазоҳуроти худ аз сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Русия интиқод кард. Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби коммунист, муддаӣ шуд, ки танҳо кишварҳое метавонанд бӯҳронро сарришта кунанд, ки зери парчами сурх пеш мераванд. Вай Чин ва Виетнамро намуна овард, ки ҳануз ҳам пайрави коммунизманд.

Ҳамзамон дигар ҳизбҳои мухолиф, аз ҷумла “Яблоко”, “Солидарост”, ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандии Гарри Каспаров, ҳизби “Правое дело” низ раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Аммо дар муқоиса бо ҳизбҳои “Русияи воҳид”, “Русияи одил” ва ҳизби коммунист камшумор ва камранг буданд.

Дар остонаи ин ҷашн гуфтугӯҳо дар бораи тазоҳуроти созмонҳои миллатгарои муҳоҷирситез бисёр буд. Аммо нерӯҳои амниятӣ дар нахустин соатҳои роҳпаймоӣ пайравони ин нерӯҳоро боздошт карданд. Шумораи онҳоро 200 то 400 нафар гузориш додаанд.

Рӯзи ҷумъа иттиҳодияҳои коргарӣ ва нерӯҳои сиёсии Русия рӯзи кору баҳорро ҷашн гирифтанд. Дар роҳпаймоиву тазоҳуроте, ки дар саросари ин кишвар баргузор шуд, беш аз 2,5 миллион кас ширкат кардааст.

Ҷашни якуми май дар замони Шӯравӣ яке аз муҳимтарин идҳо буд ва рӯзи ҳамдилии меҳнаткашони ҷаҳон ном дошт. Аммо пас аз шикасти Шӯравӣ наздик ба даҳ сол дар ҳеҷ кадом аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ баргузор намешуд. Бо ба сари қудрат омадани Владимир Путин ҷашнгирии якуми май аз сар гирифта шуд. Таҷлили пуршукӯҳи имсолаи иди май дар Русия дар 17 соли ахир собиқа надорад ва ҷашнҳои замони шӯравиро ба ёд меоварад.
XS
SM
MD
LG