Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳаи шаҳрвандони Узбакистон дар Панҷакент


Бозори марказии шаҳри Панҷакент
Бозори марказии шаҳри Панҷакент

Ҳукумати шаҳри Панҷакент ба беш аз 40 хонаводаи турктаборе, ки дар деҳаи Туркшурноваи Панҷакент ба сар мебаранд, ҳушдор додааст, ки дар сурати напазируфтани шаҳрвандии ин кишвар бояд қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд. Ин деҳкада дар 20 километрии шаҳри Панҷакент қарор дошта, дар мавзеи марзии Саразм бо ноҳияи Ургути Узбакистон қарор дорад.

Ҳоло ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷиҳати омӯзиши вазъи сокинони Туркшурнова як комиссияи вижа иборат аз сад нафар таъсис додааст, ки ба қавли хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақаи Зарафшон Шоҳини Равшан, дар ҳамин деҳкада қарор доранд. Ин афрод таи чанд соле, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, бо шаҳрвандии Узбакистон зиндагӣ мекунанд.

Хусрав Абдулназаров, раиси шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ин комиссия бо сокинони деҳа мулоқот кардаву ба онҳо муроҷиат кардааст, ки агар дар хоки Тоҷикистон зиндагӣ кардан мехоҳанд, пас бояд шаҳрвандии Тоҷикистонро бипазиранд. Ҷаноби Абдулназаров хабарҳо дар мавриди иҷборӣ ба кӯч бастан водор кардани сокинони деҳаро рад кард ва гуфт, комиссия ҳамон тасмимеро мепазирад, ки сокинони деҳа бигиранд. Агар онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул бикунанд, пас дар деҳа бимонанд, агар шаҳрвандии Тоҷикистонро намехоҳанд, пас барояшон шароити кӯч бастан фароҳам оварда хоҳад шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Зарафшон Шоҳини Равшан мегӯяд, аллакай 40 хонавода хостори иқомат дар ҳамин деҳа шудаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо мардуми ин деҳа сӯҳбат кард ва онҳо мулоқотҳояшон бо комиссияро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки касе онҳоро ба кӯч бастан иҷбор накардааст.

Аъзои комиссияи вижа ба хабарнигори Радиои озодӣ гуфтаанд, онҳо ҷониби Узбакистонро низ ба ин дидорҳо даъват кардаанд, мақомоти Узбакистон ваъдаи омаданро додаанд, вале ба ҷои мулоқот ҳозир нашудаанд.

Мардуми турктабори Туркшурнова дар солҳои ноооромӣ дар Тоҷикистон, тақрибан дар солҳои 1994, ба ин минтақаи кӯҳдоман омада, ҷои иқомат қарор додаанд.Тавре хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин масъала ба мавзӯъи аломатгузорӣ ва нишонагузории марзи ду кишвар робита надорад.
XS
SM
MD
LG