Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоъи миллӣ дар вилояти Чуйи Қирғизистон


Ба иттилои дафтари матбуотии вазорати дохилии Қирғизистон, имрӯз, 26 апрел, мардуми деҳаи Петровкаи вилояти Чуй ба манзилҳои хонаводаҳои курдтабор ҳамла кардаанд.

Ин манбаъ меафзояд, ки бар асари сангборон даҳҳо манзили мардуми курдтабор хисорот дида ва ду тан ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба ин манбаъ, мардуми ба шӯромада як мошини маркаи «Лексус»-ро, ки марбути сокини курдтабори Петровка будааст, оташ задаанд ва ба чаҳор мошини дигар хисороти ҷиддӣ ворид кардаанд.

Сокинони деҳаи Петровка мегӯянд, ки Абдулло ном ҷавони курдтабори ин деҳа ба духтарчаи чорсолаи рус таҷовуз кардааст. Ба гуфтаи онҳо, як гурӯҳ ҷавонони қирғиз ва рустабори деҳа гирди ҳам омада, аз ҷавонони курдтабор тақозо кардаанд, ки ҷои зисти Абдуллоро нишон диҳанд, дар акси ҳол сукунати курдҳо дар деҳаи Петровка аз ин ба баъд зери суол хоҳад монд. Гуфта мешавад, аммо ҷавонони курд ин тақозои гурӯҳи башӯромадаро иҷро накарданд ва миёни онҳо задухурди шадид ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи як сокини деҳаи Петровка, ки худро Лида муаррифӣ намуд, ҷавонони курдтабор ба волидайни духтарчаи чорсола ришва додаанд ва хостаанд, ки дар мавриди таҷовузи Абдулло лаб накушоняд. Ин хонум мегӯяд, ҷавонони курд ба волидайни духтарча таҳдид кардаанд, ки агар аз гирифтани ришват сарпечӣ кунанд, ба додашон касе нахоҳад расид.

Бақит Саидов, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати дохила, ба радиои Озодӣ перомуни ин ҳодиса гуфт, ки дар ҳамин ҳол вазъият дар деҳаи Петровкаи вилояти Чуй зери назорати кормандони умури интизомӣ карор дорад. Ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳ иштирокчиёни ин низоъ боздошт шудаанд ва мавриди бозпурсӣ қарор доранд. Сухангӯи дафтари матбуоти вазорати дохила гуфт, ки шахсони гунаҳкори ин ҳодисаи номатлуб дар пояи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол дар боздоштгоҳи раёсати умури дохилаи шаҳри Бишкек дасти кам сад нафар бозпурсӣ мешаванд, ки гуфта мешавад, дар миёни онҳо занон ва кӯдакон низ шомиланд. Тибқи охирин хабаре, ки ба мо расидааст, беш аз дусад сокини деҳаи Петровка тасмим гирифтаанд, дар сурати раҳо накардани афроди боздоштшуда роҳи Бишкек-Ӯшро мебанданд.

Гузашта аз ин иддае аз сокинони Петровка тақозо намудаанд, ки мардуми курдтабор бояд аз деҳа ба ҷои дигар кӯч банданд, дар акси ҳол вазъият беш аз пеш ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад шуд. Аммо ин сокини курдтабори Петровка ба радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки масъалаи аз деҳаи Петровка бадарға кардани курдҳоро дар миён гузоштаанд, таъсисгарони ин низоъ мебошанд. Вай афзуд, ки дар Қирғизистон мардуми курдтаборро дар радифи ақвоми дигар Қонуни асосии кишвараш ҳимоят хоҳад кард.
Вазорати дохилаи Қирғизистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои таҳқиқи ҳодиса сарчашмаи ин низоъро дақиқ хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG