Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар дар Тоҷикистон: Рӯ ба боло


Рӯи тахтаҳои баҳои арзи нуқтаҳои саррофии хиёбони марказии пойтахт қимати як доллар 4 сомониву 2 дирам нишон дода шудааст, вале вақте шумо барои иваз кардани доллар пули сомонии бештар тақозо кунед, ҳатман то 4 сомониву 10 дирам ва ё 4 сомониву 12 хоҳед гирифт. Яъне, ба таври амалӣ 100 долларро мешавад бо 410 сомонӣ табдил кард.

Кормандони нуқтаҳои мубодилаи арз мегӯянд, дар рӯзҳои оянда имкони боз ҳам гарон шудани доллар аст. Юсуф, саррофе, ки дар бозори «Баракат»-и шаҳри Душанбе фаъолият мекунад, дар ин бора гуфт, «Агар ҳамин хел рафтан гирад, доллар то 5 сомонӣ низ мерасад. Харидори доллар ҳозир бисёр аст. Дар байни ду рӯзи ахир харидори доллар бисёр шудааст. ”

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл арзиши як доллар ба 3 сомониву 96 дирам баробар буд. Ин аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба далели коҳиши захоири арз аз ба фурӯш баровардани доллар ва поин овардани қимати сомонӣ дар муқобили доллар даст кашидааст ва ба ҳамин далел дар ин авохир қимати 1 доллар аз 4 сомонӣ бештар шудааст.

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар се моҳи соли ҷорӣ воридоти доллар нисбат ба соли гузашта 30 дар сад коҳиш ёфтааст. Вале воридоти рубли русӣ нисбат ба соли гузашта ба ҳамин миқдор бештар шудааст. Шариф Раҳимзода гуфт, маҷбуранд, ки дар шароити феълӣ қурби сомонӣ ба долларро дар ҳудуди воҳиди пулҳои шарикони тиҷоратии кишвар – Русия, Қазоқистон ва Чин нигоҳ доранд.

Дар соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки қимати доллар дар бозорҳо дар зарфи чанд рӯз ба таври сареъ боло меравад. Дар аввали моҳи январ нархи доллар аз 340 сомонӣ то ба 380 сомонӣ расид ва ва баъдан дар ду моҳи ахир дар нуқтаҳои саррофӣ 1 доллари амрикоӣ 3 сомониву 85 дирам табдил мешуд.
XS
SM
MD
LG