Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии як сокини миёнаҳоли Душанбе


Назокат Каримова, як сокини шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи ӯ аз панҷ нафар иборат аст.

Ду фарзандаш соҳибмаълумотанд ва дар корхонаҳои давлатӣ кор мекунанд. Худи ӯ бознишаста аст ва 60 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Писараш ба ҷуз кори давлатӣ шабона ва рӯзҳои истироҳат мошини шахсиашро ҳамчун таксӣ истифода мебарад. Ба гуфтаи ӯ даромади хонаводааш дар моҳ 500-600 сомониро ташкил мекунад, аммо беш аз 40 дарсади даромади онҳо масрафи пули газу барқ, телефон, андози манзил ва хадамоти комуналӣ мешавад.

Аз ин рӯ, мегӯяд хонум Назокат, онҳо хеле кам имкони харидории ғизои беҳтар аз қабили гушту тухм равғану панир ва меваҷотро доштаанд. Вай меафзояд, «писарам ва духтарам кор мекунанд ва худам 60 сомонӣ маош мегирем, ба ҳеҷ чиз намерасад. Мо гушту тухм ва паниру дигар чизҳоро дар магазинҳо мебинему тамом. Харида наметавонем. Нисфи пуламонро ба барқу газ ва мусор ва дигар чизҳо медиҳем. Ман ҳамон 60 сомониамро нигоҳ медорам, сарф намекунам, ки ба обу барқ диҳам, то барқамро хомуш ва обамро қатъ накунанд. Мисли мо оилаҳо бисёранд дар ҳамин маҳаллаи мо ки нони хурдан надоранд».

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии омор дар гузориши ахири худ гуфтааст, тибқи маълумотҳои пешакӣ, даромади аҳолии Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-феврали соли равон беш аз 1,5 миллиард сомонииро дар бар гирифтааст, ки баробар ба 390 миллион доллар аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, даромади аҳолии кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2008-ум 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Ва даромаду пасандозҳои пулии аҳолӣ дар ду моҳи соли 2009-ум 1,8 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Ва аммо мусоҳиби мо Назокат Каримова, сокини пойтахт, мегӯяд ахиран нархи газу барқ боло рафт ва тибқи овозаҳои шунидааш боз ҳам қиммати газ боло хоҳад рафт. Маводи хурданӣ, бахусус орду равған, картошкаву пиёз, ки ғизои ҳамешагии хонаводаи ӯ маҳсуб мешавад, мувофиқи ҷайби онҳо нест. Ва ӯ мегӯяд мушкили зиндагй, камбуди пул зиндагии ӯву аҳли оилаашро ба андозае мушкил кардааст, ки ҳоло ӯ ба фикри фурӯхтани манзилаш дар шаҳр ва кӯч бастан ба канортари пойтахт афтодааст. Ӯву фарзандонаш дар ҷустуҷуйи ҷойи кори дуввум ё иловагӣ ҳастанд, ки пайдо кардани он ҳам феълан дар пойтахт начандон осон аст. Назокат Каримова мегӯяд, «агар кор бошад, ман баромада кор мекунам, аммо нест. Ба писарам мегӯям, дар ягон ҷойи дигар ҳам кор пайдо кун, мегӯяд, дар куҷо кор кунам? Ба Русия равам? Маро дар ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд».

Мусоҳиби мо афзуд, ҳамсони хонаводаи ӯ дар маҳаллае, ки ӯ зиндагӣ мекунад, оилаҳои зиёде ҳастанд, ки зиндагии фақиронае ба сар доранд ва рӯзашон, ба истилоҳ, бо чою нон мегузарад.
XS
SM
MD
LG