Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз машқҳои низомии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой таҳти унвони «Норак-Зиддитеррор – 2009» дар Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Дар машқҳои низомии «Норак-Зиддитеррор – 2009», ки ҳадафи он омода кардани нерӯҳо барои мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, тундгароии сиёсӣ ва ҷудоихоҳӣ унвон шудааст, воҳидҳои низомии Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Ин тамринҳо тибқи қарори Шӯрои зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешаванд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев, дар ин тамринҳо аз ҳавопаймоҳои низомӣ, зиреҳпӯшҳо ва дигар навъҳои гуногуни аслиҳа истифода хоҳад шуд.

Тамринҳои низомии «Норак - Зиддитеррор – 2009» тайи се рӯз дар тамрингоҳи Фахрободи вилояти Хатлон идома хоҳанд кард ва дар онҳо намояндагону нозирони як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG