Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 15-уми апрел дар толори Карнегӣ Ҳолли Ню-Йорк консерти як оркестри ғайриоддӣ баргузор шуд.

93 навозандаи ин оркестрро, ки аз 15 то 55 сол дошта, аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, тайи 4 моҳ беш аз 15 миллион тамошобини сомонаи маъруфи интернетии Ютюб аз байни беш аз 3 000 довталаб интихоб кардаанд.

Барандагони ин озмуни бесобиқа барои тамрин дар Ню-Йорк ҳамагӣ се рӯз фурсат доштанд, вале бино бар эътирофи худи навозандагон, азбаски онҳо бо як забони умумӣ - забони мусиқӣ - ҳарф мезаданд, балки менавохтанд, навои оркестр зуд ҷӯр шуд ва дар натиҷа шоми 15 апрел дар фазои Карнегӣ Ҳолл ҳам мусиқии Бах танин андохту ҳам Мотсарт ва ҳам Чайковский.

Дирижёри ин оркестри ғайриоддии интернетӣ Майкл Тилсон Томас, дирижёри оркестрҳои маъруфи Сан-Франсиско ва Лондон буд ва дар ин консерт ҳамчунин симфонияи “Эроика”, ки муаллифаш, оҳангсози муосири чиноӣ Тан Дун онро “симфонияи рақами аввали интернетӣ” низ ном мебарад, иҷро шудааст.

Навозандагоне, ки ба ин нахустин оркестри симфонии интернетӣ интихоб шуданд, ҳунарнамоии худ дар толори Карнегӣ Ҳоллро рӯйдоде бемонанд ва ҳамоно боварнокарданӣ мехонанд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, консерти оркестри симфонии Ютюб дар Ню-Йорк низ як василаи дигари ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли Интернет, ба хусус хонандагон ва бинандагони ҷавони ин шабакаи ҷаҳонӣ ба мусиқии ҷовидонии классикӣ хоҳад шуд.

Тайи ҳамагӣ як рӯзи гузашта порае аз консерти оркестри симфонии Ютюбро дар ин сомонаи интернетӣ алакай беш аз 430 000 нафар тамошо кардаанд ва аксари бинандагон таассуроти худ аз ин консерти ғайриоддиро бо нидоҳое, чун “Браво!”, “Офарин!”, “Аҳсант!” ва “Хеле олӣ!” изҳор мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG