Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари гуштигирони тоҷик ба Тошканд


Гуштигирони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми истиқлоли Узбакистон 14-уми апрел ба шаҳри Тошканд сафар карданд.

Мураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон Абдурозиқ Олимов ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқаи анъанавӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, ки аз 15-ум то 18-уми апрел идома меёбад, варзишгарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон Эраҷ Табаров, Фарҳод Анақулов, Комил Шералиев, Шодӣ Баҳромов ва Назар Марадбеков дохиланд.

Дар сабқати гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ шарафи варзиши тоҷикро паҳлавонони маъруфи кишвар, ба мисли Фаррух Беков, Нозим Исҳоқов, Далер Каримов, Алишер Баротов, Ҳабибуллоҳ Абдуллоев ва Мурод Тӯйчиев ҳимоя хоҳанд кард».
XS
SM
MD
LG