Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эътирозгарон дар Гурҷистон


Нино Бурҷанадзе, раҳбари мухолифини Гурҷистон, мегӯяд, мақомоти интизомии ин кишвар ҳудуди 60 эътирозгари зиддиҳукуматиро боздошт кардаанд.

Раҳпаймоиҳои мухолифин дар Гурҷистон дар рӯзи таҷлил аз 20-умин солгарди нахустин эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ҷараён мегирад. Гурӯҳҳои мухолифин гуфтанд, ки онҳо талош доранд ҳудудан 100 ҳазор нафарро аз саросари кишвар барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зидди сиёсати раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ва талаби истеъфои ӯ ҷалб кунанд. Мухолифин Саакашвилиро дар адами иҷрои тааҳҳудоташ дар баробари "Инқилоби садбаргҳо"-и соли 2003 айбдор мекунанд.

20 сол муқаддам артиши Шӯравӣ барои саркӯбии тазоҳуроти эътирозӣ дар Гурҷистон аз силоҳ истифода кард ва дар натиҷаи хушунатҳо он замон 16 нафар ҷони худро аз даст доданд. Нино Бурҷанадзе, раиси ҷунбиши демократии "Гурҷистони воҳид", изҳори умедворӣ кард, ки ҳодисаҳои соли 1989 такрор нахоҳад шуд.

Дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters вазири умури дохила Вано Мерабишвилӣ гуфт, ки дар Гурҷистон инқилобе нахоҳад шуд. Вай афзуд, ки полис дар ҳама намоишҳои эътирозӣ ҳузур хоҳад дошт, аммо то замони сулҳомез ҷараён гирифтани роҳпаймоиҳо мудохила нахоҳад кард.

Ираклӣ Аласаниа, раҳбари дигари мухолифин, ки баъди ҷанг бо Русия аз мақоми намояндагии Гурҷистон дар СММ канор рафт, гуфт, ки мухолифин дар андешаи инқилобе нестанд, онҳо танҳо мехоҳанд, ки адами эътимоди худро ба ҳукумат намоиш диҳанд.

Раҳбари рӯҳонии Гурҷистон Иляи 2 аз нерӯҳои амниятӣ тақозо кард, ки ба эътирозҳо мудохила накунанд. ИМА - пуштибони қавии Саакашвилӣ аз ҳарду ҷониб тақозо кард, ки тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд, то ки эътирозҳо бидуни хушунат ҷараён гирад.
XS
SM
MD
LG