Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишинёв Руминияро дар тазоҳурот айбдор хонд


Раисиҷумҳури Молдова Владимир Воронин кишвари ҳамсояаш Руминияро дар тазоҳурот ва хушунатҳои дирӯзаи Кишинёв, пойтахти Молдова, айбдор кард.

Молдова сафири Руминияро ихроҷ ва сафири худро аз Руминия фаро хонд. Дирӯз дар ҷараёни тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе, ки тибқи онҳо ҳизби ҳокими коммунист пирӯз гардид, эътирозгарон бо полис даргир шуданд ва биноҳои маъмуриро ишғол карданд. Тибқи хабарҳо, дар ин даргирӣ як зан кушта ва наздик ба 100 нафар захмӣ шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ шаби гузашта назорат бар кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумони ин кишварро дубора ба даст оварданд.

Влад Филат, раҳбари ҳизби либералҳои демократ, имрӯз гуфт, кумиссиюни интихобот аз баррасии талаби бозшумории раъйҳо саркашӣ кардааст. Вай гуфт, пас аз хушунатҳо таъқибу фишори ҷиддие сурат хоҳад гирифт. Президент Владимир Воронин, ки ду даври қонунии раёсатро ба поён мерасонад ва ба истеъфо меравад, мухолифонро дар ташкили табаддулот айбдор кард.

Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун ҳамаи тарафҳоро ба хештандорӣ даъват карданд. Вазорати умури хориҷии Русия нооромиҳои Молдоваро сӯиқасд ба истиқлолияти ин кишвар номид.

Кишинёв, пойтахти Молдова, пас аз як рӯзи беназмиҳо ва хушунат дар маркази шаҳр имрӯз зоҳиран ором буд ва хашму ғазаб акнун аз хиёбон ба кабинет ва толорҳо кӯчидааст. Президенти Молдова, Владимир Воронин, ки рӯйдодҳои дирӯзаро кӯшиши табаддулот ва иғво аз берун номид, эълон кард, ки сафири Руминия аз кишвараш ихроҷ хоҳад шуд, зеро нерӯҳои муайяне аз Руминияи ҳамсоя, ба гуфтаи ӯ, дар хушунатҳо даст доштаанд. Мухолифати ғарбгаро ва либерали Молдова ин итттиҳомотро рад кард ва бори дигар ба бозшумории раъйҳо дар интихоботе даъват кард, ки дар он ҳизби ҳоким баранда гаштааст.

Президенти Молдова Владимир Воронин "доираҳои муайян"-и кишвари ҳамсоя - Руминияро масъули тазоҳурот ва хушунатҳои дирӯза дар маркази Кишинёв номид ва хабар дод, ки нерӯҳои интизомӣ назорати кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумонро дубора ба даст овардаанд.

Воронин гуфт, сафири Бухорест аз Молдова ронда ва бо Руминия режими раводид ҷорӣ мешавад. Ҳамчунин сафири Молдова аз Руминия фаро хонда шудааст.

Зиёда аз 40 нафар дар задухӯрдҳои дирӯза миёни тазоҳуркунандагон ва полис захмӣ шудаанд. Тавре хабар дода будем, дар гирдиҳамоӣ ҳазорон нафар ширкат доштанд ва бознигарии натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанберо талаб мекарданд, ки дар он бори саввум пайиҳам ҳизби ҳокими коммунист баранда эълон мешуд.

Чанд ҳазор эътирозгар, асосан донишҷӯён, имрӯз низ ба хиёбонҳо баромаданд, вале онҳо кӯшиш мекунанд, оромиро ҳифз кунанд. Хабарнигори радиои "Озодӣ", Валериа Виту аз майдони миёни кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумон чунин мегӯяд, "ман ҳоло сари зинаҳои кохи раёсатҷумҳурӣ истодаам. Ин ҷо даҳҳо полиси зиддиошӯб ва ҳамчунин садҳо нафар аз ҷавонон истодаанд. Ҷавонон ороманд ва шиоре намезананд. Атрофи бинои порлумон дар он сӯи кӯча низ ором аст. Дар даромадгоҳи бинои порлумон полис нест, ҳамаи полси дар назди кохи раёсатҷумҳурист."

Расонаҳои Руминия хабар доданд, ки чандин гузаргоҳи марзӣ аз тарафи Молдова баста шудааст ва дар ин ҷо мардум ҷамъ меояд, аз ҷумла садҳо молдовие, ки дар Руминия таҳсил мекунанд, мехоҳанд ба хона баргарданд. Аммо аз баста шудани расмии марзҳо хабар нарасидааст.

Воронин дар мулоқот бо намояндагони ҳукумат дар минтақаҳо гуфт, 118 нафар пас аз хушунатҳои рӯзи сешанбе боздошт шудаанд, аммо раҳбарони тазоҳурот тавонистаанд фирор кунанд.
XS
SM
MD
LG