Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари кории раиси Шӯрои олимпии Осиё ба Тоҷикистон


Раиси Шӯрои олимпии Осиё Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз зӯҳри 7-уми апрел аз Бишкек ба Душанбе меояд.

Сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Вамариҷ Муродов ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси Шӯрои олимпии Осиё дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон, ки тӯли ду рӯз идома хоҳад кард, бо раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федеросиюни футболи кишвар мулоқот хоҳад кард.

Ба гуфтаи В. Муродов, фардо, 8-уми апрел, Аҳмад ал-Фаҳад ал- Сабоҳро раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Дар ин мулоқот масъалаи дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин дар ҷараёни мулоқот Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Осиё Ордени Шӯрои олимпии Осиёро хоҳад супурд.
XS
SM
MD
LG