Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

85 лоиҳа дар Хатлон сармоягузорӣ мехоҳад


Кумитаи сармоягузории вилояти Хатлон мегӯяд, харита ё нақшаи сармоягузории 85 лоиҳаи ҷадидро омода карда, ба ҳукумат пешниҳод намудааст.

Файзулло Қувватов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, гуфт, дар тарҳи мазкур 75 лоиҳа мухтасар ва 10 лоиҳаи бузургтар ба сурати муфассал арзёбӣ шуда ва ба баррасии сармоягузорони потенсиалӣ пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи Ф. Қувватов, дар ин нақша баҳои фаннии объектҳо дода шудааст ва кумитаи сармоягузории Хатлон мехоҳад ин харитаро ба кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии сармоягузорӣ фиристад.

Раиси Кумитаи сармоягузории Хатлон афзуд, харитаи лоиҳаҳо ва объектҳои сармоягузорӣ тамоми қаламрави вилояти Хатлон, яъне ҳама 25 шаҳру ноҳияи ҷануби кишваро фаро гирифтааст. Мақомоти Хатлон мехоҳанд, ки сармояро бештар барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳо, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва омӯзишу парвариш ва ҳамчунин обёрии заминҳои партобию шӯрзада ва бекорхобида ҷалб кунанд.

Дар ҳамин ҳол портфели лоиҳаҳои амалкунанда дар ҷануби Тоҷикистон 130 адад буда, ҷалби сармояи баробар ба беш аз ним миллиард доллари амрикоиро дар назар дорад.

Вале дар ҳоле ки мақомоти Хатлон мегӯянд, тамоми шароитҳо барои рушди соҳаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисоди маҳаллиро муҳайё кардаанд, на ҳама сармоягузорон аз чунин шароит изҳори хушнудӣ мекунанд. Як соҳибкори муваффақ ва раиси яке аз ширкатҳои азим аз шаҳри Норак, гуфт, бо сарфи беш аз 1 миллион доллар аз хориҷа фанноварии муосир оварда ва хостааст корхонаи тавлиди хишт таъсис идиҳад, аммо мақомот ба ӯ монеъ шуда ва ҳамчунин ниҳодҳои андозғундорӣ низ болои ширкати ӯ фишор меовардаанд.

Раиси вилоят Ғайбулло Авзалов ба мақомот супориш дод, ин қазияро таҳти назар гирифта, мушкилаҳои мавҷударо бартараф созанд.
Дар айни замон дар вилояти Хатлон 33 лоиҳаи сатҳи вилоятӣ бо сармояи хориҷии баробар ба беш аз 160 миллион сомонӣ амалӣ мешавад. Аммо мақомоти кумитаи сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи худро ба сохтмони нерӯгоҳҳо ва обёрии заминҳои шӯрзадаи ҷануби кишвар мутамарказ карда ва як идда имтиёзоте ҳам барои сармоягузоронро, назири озод кардан аз пардохти молиёт, ваъда кардаанд.
XS
SM
MD
LG