Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Карзай ва Зардорӣ аз тарҳи нави ИМА


Раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ

Раисони ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, гуфт, бо стратегияи бознигаришудаи Амрико дар мавриди ҷилавгирӣ аз тундгароӣ дар Афғонистон ва Покистон комилан мувофиқ аст.

Вай дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, "ин дақиқан ҳамон корест, ки мардуми Афғонистон умедвор буданд ва мехостанд. Барои ҳамин ин аз ҳимояту ҷонибдории комили мо бархурдор аст".

27-уми март Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, стратегияи нави Вошингтон дар бораи мубориза бо тундгароёну шӯришиён ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши хушунат Афғонистону Покистон эълон кард. Обама гуфт, мубориза бо тундгароён, ки дар ҷануби Осиё барои худ паноҳгоҳ ёфтаанд, ҳадафи аслии талошҳои Амрико ба шумор меравад.

Ҳомид Карзай дар посух ба ин суханон гуфт, ки Вошингтон барои иҷрои чунин стратегия метавонад ба ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Кобул умед бандад. Обама эълон кард, ки бар иловаи 17 ҳазор нерӯи ҷадиди Амрико 4 ҳазор нафари дигар ба Афғонистон хоҳад фиристод. Вай ҳамчунин қавл дод, ки то соли 2011 Амрико 134 ҳазор нафар нерӯҳои артиш ва 82 ҳазор нафар нерӯҳои қавии пулисро омӯзиш хоҳанд дод. Дар мавриди Покистон Обама изҳор дошт, ки Амрико ба ҳимоят аз ниҳодҳои шиканандаи демократӣ дар ин кишвар бештар таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

Насрулло Станекзай, тҳлилгари афғон дар донишгоҳи Кобул, ба радиои Озодӣ дар бораи стротегияи нави Амрико гуфт, "давлати ҷадиди Амрико дар сиёсати хориҷии худ, ба хусус дар иртибот бо минтақаи мо Покистонро ҳам зонаи террористӣ медонад, ки идораи қаблӣ дар ин иртибот зиёд машкук буд, ё дақиқ ҳаракат намекард. Ин бисёр дақиқ аст, ки манотиқи аслии фаъолиятҳои террористӣ дар минтақаи мо Покистон аст, ки на танҳо Афғонистон, балки ба минтақа таҳдид мекунад".

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон, низ аз ибтикороти раисҷумҳури Амрико истиқбол кард ва гуфт, суханронии раисҷумҳури Амрико муносиботи дуҷонибаро таҳким хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG