Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Наврӯз дар Вашингтон


Сафорати Тоҷикистон дар ИМА барои тоҷикони муқими ин кишвар дар аёлати Вирҷиниё, дар канори Вошингтон, дастархони наврӯзӣ орост.

Дар ин маҳфил на фақат меҳмонон аз аёлатҳои гирду атрофи Вошингтон, балки тоҷикон аз манотиқи дигари кишвар низ ҳузур доштанд. Маҳфили наврӯзӣ бо табрикоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов ифтитоҳ шуд.

Дастархони идона воқеан ҳам тоҷикӣ буд. Болои мизҳо меваи тар ва хушк, пиставу бодом, мавизу анҷир, ҳалвою тути фарангӣ, ангуру себ ва дигар неъматҳо ҷой дода шуда буданд. Ягон шабнишинии тоҷиконро бидуни оши палави тоҷикӣ тасаввур кардан наметавон ва аммо илова бар он ҳамсарони дипломатҳои тоҷик ва намояндагони Тоҷикистон дар ниҳодҳои мухталифи байнулмилалӣ барои меҳмонон самбуса бо кабутӣ, салатҳо, суманак, оши суюқ ва ҳатто тануркабоб омода намуданд.

Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ Завқиҷон Завқиев, гуфт, ки намояндагони ҳукумати Тоҷистон хостанд барои тоҷиконе, ки ватанашонро пазмон шудаанд, фазои наврӯзии Тоҷикистонро эҷод кунанд.

Умуман бояд гуфт, ки фазои маросим самимӣ, озод ва ғайрирасмӣ буд. Тоҷикон, ки дер боз муштоқи чунин як ҳамоиши ҳамватанонашон буданд, ҳангоми вохӯрӣ якдигарро ба оғӯш мекашиданд ва дар бораи кору зиндагӣ ва бурду бохтҳои соли гузашта ҳарф мезаданд. Дар толор созу навои мусиқии тоҷикӣ танин меандохт ва духтарони тоҷик, ки аксарияташон либосҳои миллӣ бар тан доштанд, бо шавқу сурур ба рақсу бозӣ пардохтанд. Ҷавонписарони тоҷик ба онҳо ҳамроҳ шуда, маъракаро боз ҳам идонатар сохтанд.

Хонум Лола Абдулхолиқзода, ки 10 сол боз дар аёлати Вирҷиниё ба сар мебарад, дар суҳбат ба мо гуфт, “ман дар ин биное, ки шабнишинии имрӯза доир мешавад, зиндагӣ мекунам. Имрӯз рӯйдоди қобили таваҷҷуҳест, ки барои мо нақши бузург дорад. Ман хеле хушнудам дар ин бора сӯҳбат кунам. Наврӯз ин рӯзи нав, соли нав, ҳаёти нав аст ва ҳар сол мо гирди ҳам меоем, ва ман хурсандам, ки сол то сол шумораи меҳмонон меафзояд. Имсол теъдоди мо боз ҳам бештар шуд, шаш тифли тоҷик ба дунё омаданд ва ҳамаашон духтар. Ман бар ин ақидаам, ки ин дастоварди хеле бузург аст, чунки мо дар ин ҷо хеле камем ва дидори якдигар як амалӣ дуруст ва хушнудкунандаест. Ман орзу дорам, ки ҳар сол теъдоди ширкаткунандагонро мо афзоиш хоҳем дод”.

Барои ширкат дар маҳфили наврӯзӣ гурӯҳи дипломатҳои тоҷик аз намояндагии Тоҷикистон дар СММ таҳти раҳбарии сафир Сироҷиддин Аслов аз Ню-Йорк ба Вирҷиниё омада буданд.
XS
SM
MD
LG