Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз стратегияи нави ИМА ситоиш кард


Осиф Алӣ Зардорӣ
Осиф Алӣ Зардорӣ

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон аз стротежии нави Б. Обама дар мавриди мубориза бо «ал-Қоъида» дар минтақа истиқбол кард.

Дар ин робита сарвари Покистон дирӯз, 28-уми март, ҳангоми суханронии худ дар порлумони Покистон изҳори ақида намуд.

Оқои Зардорӣ зимни суханронии худ, аз ҷумла, гуфт: «Стротежиии ҷадиди Б. Обама навъе бозтоби даъвати ҳукумати мо барои рушди иқтисодиву иҷтимоъӣ ва ба маънои мубориза бо тундгароист».

Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчунин аз тасвиби 1 миллиарду 500 миллион доллар кумаки солонабарои Покистон дар Конгресси Амрико ситоиш кард.
XS
SM
MD
LG