Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ – минтақаи бе силоҳи ҳастаӣ


Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон аъзои ин шартнома мебошанд. Тарафҳои ин шартнома уҳдадор шудаанд, ки истеҳсол, харидорӣ, паҳнсозии силоҳи ҳастаӣ ва қисматҳои он ё дигар дастгоҳҳои ҳастаии мунфаҷирараро дар ҳудуди худ манъ созанд. Дар ҳамин ҳол Шартнома истифодаи нерӯи ҳастаӣ ба мақсадҳои мусолиматомезро манъ намесозад.

Ин минтақа як қатор махсусиятҳои нодирро доро мебошад: ин нахустин минтақаи ғайри силоҳи ҳастаие мебошад, ки дар нимкураи нимолӣ, дар минтақае ташкил шудааст, ки бо ду кишвари бузурги дорои силоӣ ҳастаӣ — Русия ва Чин — ҳаммарз мебошад. Ҳамчунин ин Шартнома тавофуқи бисёрҷанбае дар соҳаи амният гардид, ки ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро фаро мегирад.

Воқеъан, дар соли 1992 дигар кишвари ҳаммарзи Русия ва Чин – Муғулистон – низ дар мавриди мақоми «ғайриҳастаӣ»-и худ эълом намуда буд.

Лозим ба тазаккур аст, ки қарори мазкур аз тарафи ҷомиъаи васеъи байнулмилалӣ пазируфта шуд ва дар санадҳои мунтабиқи Маҷмаъи кулли СММ ҳам қайд шудаанд.

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ, аз қувваи қонунӣ гирифтани шартномаи мазкур истиқбол намуда, мутазаккир шуд, ки ин нахустин минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ дар минтақае хоҳад шуд, ки қаблан дар он силоҳи ҳастаӣ мавҷуд буд. Ӯ ҳамчунин ба он ишора намуд, ки, бар тибқи ин шартнома, ҳамаи аъзои он акнун дар давоми 18 моҳ муваззаф мешаванд бо созмони МАГАТЭ протоколи иловагӣ дар бораи замонатҳоро имзо кунанд ва уҳдадориҳои оид ба Шартнома доир ба манъи пурраи санҷишҳои ҳастаиро иҷро намоянд.

Қарори қаблӣ дар бораи таъсиси минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли гузашта қабул шуда буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чунин минтақаҳо дар дар Амрикои лотин, Африқо, Осиёи ҷанубии шарқӣ ва минтақаи уқёнуси Ором мавҷуданд, ки беш аз 100 кишварро муттаҳид месозанд.
и объединяют более 100 стран.
XS
SM
MD
LG