Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Кабирӣ бо тоҷикони муқими Қирғизистон


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни як сафар ба Бишкек бо тоҷикони муқими Қирғизистон ва Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон мулоқот кард.

Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар мавриди таассуроташ аз ин мулоқот гуфт, як фурсади нодир ба вай даст дод, ки ин мулоқотҳоро анҷом диҳад. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, «хушбахтии тоҷикони Қирғизистон аз он иборат аст, ки чунин як иддиҳодияи ҷамъиятӣ доранд ва сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон низ ҳамеша бо онҳо робитаи хуб барқарор кардааст, ки аз диди ватандуӯстиву миллатдӯстӣ муносибат мекунад».

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, аз ин лиҳоз тоҷикони ин ҷо худро як ҷузъи ҷомеаи Қирғизистон ҳис мекунанд. Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, ин ҳолро дар Русия наметавон дид: «Ҷамъиятҳои тоҷикони Русия дар парокандагӣ ба сар мебаранд, ҳатто мухолифи якдигар ҳастанд ва бо ҳам рақобат доранд».

Ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ, шояд сафорати Тоҷикистон дар Русия натавониста бошад, ки ҳамаи онҳоро гирди ҳам оварад. Вай гуфт, ки кас он ҷо дар миёни тоҷикон тафаккуроти худиву бегонаро эҳсос мекунад. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, аммо сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ тавонистаанд, ки ин тоҷиконро муттаҳид созанд. Оқои Кабирӣ тазаккур дод, ки дар миёни тоҷикони муқими Қирғизистон худиву бегонаҳо вуҷуд надорад, ки боиси хушҳоливу хурсандист.

Ба гуфтаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мафҳуми тоҷикият, ҳифзи забону фарҳанг ва манфиатҳои умумӣ тоҷикони ин ҷоро гирди ҳам овардааст: «Аз сӯҳбатҳое, ки бо тоҷикон дар Бишкек доштам, на танҳо барои тоҷикони бурунмарзӣ, балки барои тоҷикони кишвар баъзе намунаҳоро бо худ гирифтаам, ки, иншооллоҳ, ин руҳияи хубро ба Тоҷикистон мебарам».

Аз Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди нашрияи тоҷикизабони «Паёми Ала-Тоо», ки дар Бишкек ба табъ мерасад, гуфт, воқеан метавон дар атрофи ин нашрия як сӯҳбати алоҳидаеро анҷом дод ва ин нашрия сазовори он ҳаст. Вай афзуд, мавҷудияти нашрияи «Паёми Ала-Тоо» баёнгари он аст, ки тоҷикони Қирғизистон ба сатҳи баланди худшиносӣ расидаанд ва равшангароиро ҳатто дар миёни мардумии бумии кишвар - қирғизҳо пиёда месозанд.

Барои шунидани мӯҳтавои сӯҳбат бо Муҳиддин Кабирӣ ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи ростро нохун занед.
XS
SM
MD
LG