Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров – раиси нави Федеросиюни ҷумҳуриявӣ


Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин парчамбардори дастаи Тоҷикистон буд

Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин парчамбардори дастаи Тоҷикистон буд

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федеросиюни варзиши сабук ё варзишҳои майдонии Тоҷикистон, ки 16-уми март дар шаҳри Душанбе доир гашт, раиси ҷадиди ин федеросиюн интихоб шуд.

Вай дар ин вазифа Рашид Саидовро иваз кард. Воқеъан, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Казкоммерсбанк Таджикистана» Рашид Саидов ва сардори раёсати корҳои махсусан муҳими Прокуратураи кулли Тоҷикистон Баҳодур Ҳамидов муовинони раиси Федеросиюни ҷумҳуриявӣ интихоб шуданд.

Дилшод Назаров, ки 26-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, дар бисёр мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя кардааст. Ӯ, ҳамчунин, ширкаткунандаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Афина ва Пекин мебошад.

Дилшод Назаров ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар баробари раҳбарӣ кардан ба Федеросиюни ҷумҳуриявӣ, ҳамчун узви дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ ширкат хоҳам кард ва ҳадафи аслиам омодагии ҳамаҷониба ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 мебошад. Инчунин барои рушди варзиши сабук дар кишвар барномаи вижае таҳия хоҳем кард. Албатта барои ширкати муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба кӯмаку дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар
ва сарпарастон ниёз дорем».

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG