Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибати кулоҳбардорӣ – зиндон


Сармоябози бадномшудаи амрикоӣ Бернард Медофро, ки ба тақаллубкории молӣ дар ҳаҷми миллиардҳо доллар иқрор шуд, завлона дар даст ба зиндон бурданд.

Дар натиҷаи ин бузургтарин тақаллуби молӣ дар таърихи муоссир ҳазорон нафар фирефта шуданд. Медофи 70-сола ба додгоҳи Ню-Йорк гуфт, ниҳоят пушаймон ва шармсор шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки коргардони ин тарҳи кулоҳбардории даҳсолаҳо идома ёфта тамоми умри боқимондаашро пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, ки 16-уми июни соли ҷорӣ додгоҳ ӯро ба 150 соли зиндон маҳкум хоҳад кард. Додгустарҳо инчунин мехоҳанд таҳқиқ кунанд, ки 177 миллиард долларе, ки аз дасти Медоф гузаштааст, куҷо шуд. Мудофеъони Медоф дархост карданд, ки ӯ таҳти гаравпулии калон то нишасти додгоҳ дар озодӣ бимонад, аммо додвар Чин ин талабро рад кард.

Қурбониёни тақалубкории Медоф, ки дар додгоҳ ҳузур доштанд ин амри қозиро бо кафкубиҳо пешвоз гирифтанд. Яке аз чунин қурбониён Бенет Голдворс ба хабарнигорон гуфт, ки дар натиҷаи фиреби сармоядор сахт зарар дидааст: «Ман аллакай бознишаста будам ва ҳоло маҷбурам дубора ба кор баргардам, ҳарчанд феълан барои кор замони бисёр номуносиб аст».

Аммо ҳоло савол дар бораи ҳамдастони имконпазири Медоф ва андозаи фиреби у бе ҷавоб мондааст. Иҷрокунандаи вазифаи додгустари ИМ Лев Дасин гуфт ба таҳқиқи парванда идома медиҳад. Вай гуфт, кипарванда бо ин пушида намешавад ва ҳар касеро, кидар ин кулоҳбардорӣ ширкат кард аз ҷумла худи Медофро иттиҳомотӣ иловагӣ интизоранд.

Яке аз қурбониёни амалкарди Медоф ба додгоҳ муроҷиат намуда гуфт, кимехоҳад бо вуҷуди иқрори фиребгар муҳокимаи ин парванда ба шакли комил анҷом шавад ва танҳо дар ин сурат мешавад андозаи ҷинояти вайро таҳқиқ намуд.

Медоф иқрор шуд, ки муштариёнашро фиреб медод ва ба онҳо ваъда мекард, ки сарватҳояшонро бо фоизҳои зиёд тавассути коғазҳои қиматбаҳо ва саҳомҳо мегардонад, аммо дар амал пулро ба суратҳисобҳои худ мегузошт. Ин тарҳро ӯ дар соли 1990 рӯи даст гирифта буд ва, гӯиё, нияти бад надошт, аммо баъд аз гузашти замон ба хулосае омад, ки ин ғайриимкон хоҳад буд.

Догустарҳо гуфтанд, кибо вуҷуди он, китаҳқиқи парванда идома дорад эҳтимол аст, киқурбониён ҳеҷ вақт тамоми пулҳои худро баргардонда наметавонанд. Ҷониби айбдоркунанда мегуяд, кито ҳоло ҳаҷми пурраи пулҳои дуздидашуда мушаххас нашудааст ва Медоф иттило дода буд, кичанд замон қабл аз боздошташ вай дастикам 65 миллиард доларро мудирият мекард. Тибқи изҳороти додгустарӣ ҳукумат мехоҳад аз Медоф 177 миллиард доллар ситонад, киин маблағро вакили дифоъи Медоф беш аз ҳад номид.

Баъзе қурбониён саволҳои дигарро низ матраҳ мекунанд, кибовар надоранд чунин фиребро метавонист як шахс анҷом диҳад ва чаро Медофро дар ташкили гуруҳи ҷиноъи айбдор намекунанд ва ҳамдастони вай куҷоанд.
Мутахассисон изҳори ақида мекунанд, ки эҳтимол аст бародари Медоф Питер ва писарони ӯ Марк ва Эндрю, ки бо Медоф ҳамкории наздик доштанд, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта ва алайҳи онҳо низ иттиҳомот сурат гирад.
XS
SM
MD
LG