Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Амрико


Миллионҳо нафар аз аҳолии Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи ҷои кор ва даромад рӯ ба Русия овардаанд. Дар бораи тарзи зисти онҳо ва мушкилиҳое, ки рӯбарӯ мешаванд, маълумоти кофӣ нашр шудааст ва нашр мешавад. Аммо дар бораи падидае ба монанди муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Амрико тақрибан сухане гуфта намешавад ва санаде ҳам ба нашр нарасидааст.

Пажӯҳишгар Салтанат Лийберт, ки худ зодаи Қирғизистон аст, нахустин касест, ки талош кардааст, ин падида, сатҳ ва умқи онро марвиди омӯзиш қарор бидиҳад. Пажӯҳишҳои ӯ ба масъалаҳое равшанӣ меандозад, ки ин муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Амрико кистанд, чӣ гуна ба Амрико ҳиҷрат мекунанд, дар Амрико зиндагии онҳо ба чӣ шакл сурат мегирад ва ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳазорҳо километр дур аз ватан бо кадом мушкилот рӯбарӯ мешаванд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Иёлоти Муттаҳида миёни издиҳоми гуногунмиллати Амрико чашмрас намешаванд. Фақат дар иду айём, вақте онҳо дар хонаи ин ё он ҳамқавми худ гирд меоянд, дидан мумкин аст, ки шумораашон то рафт зиёдтар мешавад. Салтанат Лийберт, профессори Донишгоҳи Ҳамсуди Вирҷиния дар Ричмонд, мегӯяд, ба камияш 50 занро мешиносад, ки аз Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Гурҷистон бо ҳар роҳ ба Амрико ҳиҷрат кардаанд, то пул ба даст оранд. Вай, ки соли саввум аст, бо омӯзиши ин падида машғул мебошад, мегӯяд, шумораи муҳоҷирон аз ин кишварҳо дақиқ нест, вале равшан аст, ки теъдоди онҳо босуръат дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфтаи хонуми Салтанат, 75 дарсади ин муҳоҷирон хатмкардагони донишгоҳ, бархе номзад ё доктори илм буда, асосан зодагони шаҳрҳои бузурганд ва синнашон аз 30 то 50 аст. Онҳо ба иттилоъи марбут ба муҳоҷират ва сармояи зарурии сафар то Амрико дастрасӣ доранд ва ҳамаи ин фарқи зиёдеро миёни онҳо ва муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия ба вуҷуд меорад. 75 дарсади онҳо бо раводиди сайёҳӣ вориди Амрико шуда, сипас бо вуҷуди итмоми мӯҳлати сафар дар Иёлоти Муттаҳида муқим шудаанд.

Аммо пас аз рӯйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 гирифтани раводиди сайёҳӣ ба маротиб мушкилтар шуд ва муҳоҷирон роҳҳои дигареро пайдо карданд. Дар ин бора Салтанат Лийберт мегӯяд, "яке аз роҳҳои мӯътамади муҳоҷирон ин сафар дар ҳайатҳои ҳукуматист. Онҳо ба мансабдорони давлат ришва медиҳанд, то ба чунин ҳайатҳо шомил шаванд. Масалан, тасаввур кунед, ҳайате аз вазорати молия ба Амрико сафар мекунад. Як-ду нафаре ҳаст, ки ин сафарро омода мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, ба чунин мансабдорон аз 7 то 10 ҳазор доллар дода, ба ин ҳайат шомил шудан мумкин аст. Барои кормандони консулии Иёлоти Муттаҳида фарқ кардани афроди воқеан марбут ба ҳукумат ва онҳое, ки зери ин ниқоб сафар мекунанд, хеле мушкил аст."

Лийберт намуна меорад, ки созмони хайрияи собиқ бонуи аввали Қирғизистон Майрам Оқоева бо номи «Мерим» як хатти бомуваффақияти муҳоҷироне буд, ки мехостанд ба Амрико ҳиҷрат кунанд. Онҳо дар сафи ҳайатҳои хайрия ва кормандони иҷтимоӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба Иёлоти Муттаҳида фиристода мешуданд. Аммо сол то сол шумораи ҳайатҳое, ки ба Амрико сафар мекунанд, коҳиш меёбад. Ин ҳолат муҳоҷиронро маҷбур мекунад, ба роҳҳои хатарноке ворид шаванд.

Салтанат Лийберт мегӯяд, "яке аз роҳҳои мустақимтарини ҳиҷрат ба Амрико, гузаштани қочоқӣ аз марзи Мексикост. Ман бо чандин нафар аз гурҷиҳо ошно шудам, ки аз ин тариқ вориди Амрико шудаанд. Қочоқбарони гурҷӣ ва мексикоӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. Хеле ба осонӣ барои муҳоҷирон раводиди сафари Мексико гирифта мешавад. Аз Мексико то аёлати Аризонаи Амрико 12 соат роҳ аст, баъзан дар ҳоли душвортар сафар метавонад 4 рӯз вақт гирад. Аммо роҳи сахти биёбонист, ки дар он муҳоҷирон гоҳе бе обу ғизо мемонанд. Як зан ба ман гуфт, дар ин роҳ гоҳе гумон кардааст, ки ба мурдан наздик аст. Вай амалан аз пой афтода буд ва барои он зинда монд, ки зани дигари гурҷӣ ӯро дар пушторааш чандин соат бурд ва ба манзил расонд."

Нархи чунин муҳоҷират ба Амрико 9 ҳазор доллар аст, хеле камтар аз нархи визаи сайёҳии ғайриқонунӣ.

Роҳ ба Амрико душвор аст, аммо ҳиҷрат ба ин ҷо аз сафари Русия дида бартариҳои худро дорад. Кас метавонад, даромади бештар ба даст орад ва аз таҳдиди сартарошидаҳову бегонаситезии аҳолии маҳаллӣ азият набинад. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ музди кори се ҳафтаи аввали корашонро ба онҳое медиҳанд, ки дар ёфтани кор барояшон кумак кардаанд. Баъдан аз 50 то 80 дарсади дастмузди худро онҳо ба ватан мефиристанд.

Лийберт мегӯяд, аз пули мефиристодаи онҳо на танҳо аҳли хонаводаашон, балки ҳукуматҳо низ шод мешаванд: "Агар, барои мисол, Қирғизистон ё Тоҷикистонро бигирем, ин кишварҳо бахши бузурге аз мардуми худро ба хориҷа мефиристанд ва зоҳиран муҳоҷират барои онҳо ба як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоияшон табдил ёфтааст. Пуле, ки онҳо мефиристанд, на танҳо оилаҳоро мехӯронад, балки норозигиҳои иҷтимоиро камтар мекунад. Агар пули муҳоҷирон набошад, мутмаинам, мо шоҳиди эътирозу нооромиҳо ва инқилобҳои зиёде мешудем, зеро сиёсати ҳукуматҳо дар бисёр соҳаҳо шикаст хӯрда ва низоми ҳифзи иҷтимоӣ амалан вуҷуд надорад."

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Амрико вазъи кишварҳои худро хуб медонанд ва дарк мекунанд, ки ин вазъ ноодилона аст. Аммо хоҳиши бозгашт ба ватан ва ислоҳ кардани вазъро надоранд, балки мехоҳанд, барои дарозмуддат дар Амрико боқӣ бимонанд.

Барои ватани онҳо ин чунин маъно дорад, ки кишвар аз ҷоҳталабтарин ва таҳсилдидатарин шаҳрвандонаш маҳрум мешавад. Вале мондан дар Амрико ба маънии рӯёрӯӣ бо даҳҳо монеаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангист.
XS
SM
MD
LG