Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: "Соли 2009 - соли рукуди бузург"


Сандуқи байналмилалии пул иброз дошт, ки дар соли 2009 суръати рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз 2% болотар нахоҳад шуд.

Дар гузориши худ IMF соли равонро соли "рукуди бузург" унвон дода, таъкид кардааст, ки нишондиҳандаҳои он бадтарин дар ҳаёти чандин насл хоҳад буд. Доминик Строс Кан, мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул дар нишасти фавқулодаи кишварҳои узв дар кишвари африқоии Танзания таъкид кард, ки ба ақидаи пажӯҳишгарони Сандуқ имсол рушди саросарӣ манфӣ хоҳад буд. Ӯ аз кишварҳои доро даъват кард, ки мамолики ниёзмандро аз нуқтаи назари молӣ дастгирӣ кунанд.

Дейвид Овен, муовини мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул дар умури Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар моҳи октябр Сандуқ пешбинӣ мекард, ки соли 2009-ум рушди иқтисодии кишварои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба 8% баробар хоҳад шуд, вале бо гузашти 4 моҳ айён гашт, ки дар беҳтарин ҳолат рушди иқтисодии минтақа аз 4% бештар нахоҳад шуд.

Сандуқи байналмилалии пул менависад, аз бӯҳрон ҳамаи кишварҳои минтақа: Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон зиён дидаанд, вале таъсири бузургтарини бӯҳрон ба он кишварҳое рост меояд, ки Русия коршарики онҳо ва сарчашмаи даромади муҳоҷиронаш будаааст. Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор медиҳад, ки агар вазъи Русия боз ҳам бадтар шавад, таъсири он ба ин кишварҳо афзоиш меёбад.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бишкек Сандуқи байналмилалии пул ҳамроҳ бо Бонки Миллии Қирғизистон мизбонии як нишастро бар ӯҳда гирифта, раҳбарони ниҳодҳои молии минтақаро ба арзёбии роҳи берунрафт аз бӯҳрон даъват карда буд. Ширкаткунандагони нишаст чор сабаби асосии бӯҳронро ташхис намуданд: душвории дарёфти сармоягузориҳои хориҷӣ, поиншавии нархи нефт ва ашёи хом, афзоиши бекории муҳоҷирон дар Русия, ки боиси кам шудани ирсоли пул аз ин кишвар шудааст ва билохира, коҳиши тиҷорат.

Ширкаткунандагони конфронс ба кишварҳои минтақа машварат доданд, то қурби асъори миллиашонро тавре танзим намоянд, ки аз вуқӯи бесару сомонӣ ва баланду пастшавии беназми пулҳои маҳаллӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Ҳафтаи гузашта Сандуқи байналмилалии пул эътироф кард, ки дар ибтидо таъсири бӯҳрони саросарии иқтисодиро то ҳадде нодида гирифтааст.
XS
SM
MD
LG