Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон, ки дар робита ба убури ғайриқонунии марз айбдор мешаванд, шурӯъ кард.

Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон, сокини деҳаи Қизил Октябри ноҳияи Шаҳринав Сулаймон Мансуров дар маҳалли Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим дар ҳоле дастгир шудааст, ки шабона ҳамроҳ бо як зан ва духтарчаи 11-сола тавассути дарёи Панҷ бо қаиқи резинӣ қасди убури марзи Тоҷикистону Афғонистон доштааст.

Намояндагони мақомоти амниятӣ бо дарёфти маълумоти фаврӣ дар мавриди кӯшиши қочоқи инсон қонуншиканҳоро ҳангоми қасди убури ғайриқонунии марз дастгир намудаанд. Аммо дар ҷараёни тафтишот ин фарзия собит нашудааст. Боздоштшуда Сулаймон Мансуров изҳор доштааст, ки вай қаблан муддати муайян дар мактаби динии Эрон таҳсил дошта, онро тарк намуда, сипас ба мардикорӣ машғул будааст. Дар он ҷо вай бо шавҳар ва писари чанд сол боз муҳоҷири Мавлуда Бобоева, сокини деҳаи Шоҳии вилояти Сурхандарёи Узбакистон, шинос шудааст ва онҳо ба ивази пардохти музди муайян аз вай хоҳиш кардаанд, ки дар фурсати муносиб зану духтарашро ба пешашон биёрад. Шаҳрванди Узбакистон таъйид намуд, ки пеш аз қасди убури марз бо писараш гуфтугӯи телефонӣ доштааст.

Нафари дигари дастгиршуда як зани узбактабори тоҷикистонӣ мебошад, ки ба гуфтаи вакили мудофеъ Нуралӣ Бахталиев, айбдорӣ нисбати ӯ аз рӯи ду модда - убури қайриқонунии марз ва кӯшиши такрории убури марз - банду баст шудааст. Аммо вакили мудофеи ӯ бовар дорад, ки бо назардошти вазъи вазнини иҷтимоӣ додгоҳ ҳангоми содир намудани ҳукм нисбати айбдоршавандаи дигар, ки зан мебошад, меъёрҳои сабуккунандаи муҷозотро татбиқ мекунад. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ин зани рустои, ки ба ғайр аз забони узбакӣ забони дигарро намедонад, оиди қавонини расмии убури марз тасаввуроте надоштааст ва танҳо аз рӯи ҳидоят рафтор намудааст.

Аммо ба гуфтаи коршинос Неъмат Амонбеков, ки аз пайраҳаҳои муҳоҷирӣ дар Афғонистону Эрон огоҳ аст, алҳол теъдоди муайяни аъзои «Ҳаракати исломии Узбакистон» дар Афғонистону Покистон ва Эрон ба сар бурда, бинобар идомаи фишор болои хонаводаҳояшон дар Узбакистон эҳтимолияти аз ҷониби бархе ин аз афрод кӯшиши пайвастан ба хешовандонаашон вуҷуд дошта бошад. Вай гуфт, ки ҳамчунин бинобар идомаи фишору тазйиқ ва набуди имконияти расмӣ иддае аз ин афрод мушкилоташонро бо убури ғайриқонунии марз дар минтақаи Панҷи Поён ва Бадахшон ҳал карданӣ мешаванд. Аммо ба фикри Неъмат Амонбеков, ҳамчунин эҳтимол дорад, пайраҳаҳои қочоқии байни Тоҷикистону Афғонистон ба мақсади қочоқи инсон истифода шаванд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи додгустар Амонулло Муқаиршоев, ба шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи ду моддаи айбдорӣ ба муддати аз ду то даҳ сол ва ба шаҳрванди Узбакистон ба муддати аз шаш моҳ то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG