Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дусад кило орди гандумӣ, 50 кило наск ва 17 литр равғани растанӣ ба даҳҳо хонаводаи нодору афроди маълул дар ноҳияи Вахш тақдим шуд.

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байнулмилалӣ ё USAID ва Созмони байнулмилалии Наҷоти кӯдакон пас аз арзёбии вазъи иҷтимоии ҳазорҳо хонавода дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, барои осон кардани мушкили дастрасии беш аз 11 ҳазор оила, аз он миён 8 ҳазор хонаводаи вилояти Хатлон дар мавсими зимистону баҳор кӯмакҳои ғизоӣ ироа намояд.

Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Душанбе, зимни ширкат дар расми ихтисоси кӯмакҳо ба сокинони ниёзманди ноҳияи Вахш, гуфт,
кӯмакҳои мазкур аз ҷумла бо саҳмгузории мардуми Амрико дар чаҳорчӯби барномаи вижаи ҳукумати Амрико оид ба расонидани кӯмакҳои ғизоӣ ба Тоҷикистон ироа мешавад. Сафири Амрико гуфт, дар назар аст, ки хонаводаҳои дигари нодору ниёзманд дар вилояти Хатлон ҳамин гуна кӯмакҳои ғизоӣ дарёфт намоянд.

Бахтинисо Каримова, яке аз дарёфткунандаҳои кӯмакҳои ғизоӣ аз ноҳияи Вахш, мегӯяд, модари панҷ духтар асту, аҳли хонаводааш дар шароити ногувори иҷтимоӣ ба сар мебаранд. Ӯ гуфт, шавҳараш бемор аст ва кор карда наметавонад, аз ин рӯ, ба ин кӯмак бисёр ниёз доштанд.

Талбак Сафолов, бознишастаи 78-сола, ки исми худро дар феҳрасти кӯмакгирандаҳо меҷуст, гуфт, дар тақсимоти озуқа мақомоти маҳаллӣ ноодилона рафтор кардаанд. Ба гуфтаи бобои Талбак, мақомот ба ӯ ваъда супурдаанд, ки исмашро ба рӯйхати гирандаҳои кӯмаки башардӯстонаи ЮСАИД шомил мекунанд, аммо афроди ба худ наздику ошноро ҳамчун хонаводаи нодору ниёзманд ба қайд гирифтаанд.

Масъулини созмонҳои ихисосдиҳандаи кӯмакҳои ғизоӣ ҳангоми супурдани маводи озуқа ба сарони хонаводаҳои ниёзманди Вахш онҳоро огоҳ кардаанд, ки баъди муддате аз ин хонаводаҳо хабар мегиранд, то бифаҳманд, ки маҳсулоти озуқа чӣ гуна истифода шуд ва чӣ таъсире дар беҳбуди вазъи ин хонавода расонид.
XS
SM
MD
LG