Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳиба бо Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр, муаллифи сенария ва таҳиягари филми бисёрсериягии «Юсуф-паёмбар», ки ахиран дар Тоҷикистон хеле маъруф шудааст.

Сафаргул Олимӣ: «Оқои Фараҷуллоҳ, ин филми шумо дар Тоҷикистон маҳбубияти хеле бузургеро касб кардааст. Мардум барои харидани наворҳои он навбат мепоянд ва сари роҳу бозор ва ва ҷодаву маҳофили мухталиф сӯҳбат дар бораи ин филм ва сужаву қаҳрамонҳои он меравад. Бигӯед, ки ин филм дар Эрон низ чунин маҳбубият касб кардааст?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим. Бале, хоҳарам. Ин филм дар Эрон низ маҳбубият касб кардааст. Мардуми Эрон низ аз ин филм хеле истиқболи гарм карданд. Мо аслан дар ин филм Қуръонро тафсир кардаем, достонсароӣ накардем. Ман маҳбубияту истиқболи мардумро ба ин филм аз тасаддуқи Худо ва Қуръон медонам. Матлаберо, ки ё филмеро, ки аз назару дидгоҳи аҳли байт, нависандааш Худо бошад, бояд ба чунин арҷу эҳтиром ва муҳаббату садоқат ноил гардад.»

Сафаргул Олимӣ: «Оё саҳнаҳои ин филм ва ё манзараҳои он танҳо дар Эрон ба навор гирифта шудаанд? Мисри қадим ва Шому Канъони қадимро дар куҷо сохтед ва ба навор гирифтед? Ва оё танҳо ҳунармандони эронӣ дар ин филм бозӣ кардаанд ё кишварҳои дигар низ?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Манзараҳо ва саҳнаҳои филм дар ҷануби Эрон ва дар Теҳрон наворбардорӣ шудааст. Ҳамаи инҳо дар як
"Набояд фаромӯш кард, ки Қуръон беҳтарин фарҳанг, беҳтарин маърифат ва роҳкушову раҳнамун аст"
минтақа, дар наздикии марқади Имом Хоманаӣ, дар ҷануби Эрон наворбардорӣ шудаанд. Дар ин филм танҳо ҳунармандони эронӣ нақш бозидаанд. Ҳама ҳунармандони мӯътақид ва хуби Эрон ҳастанд. Мо аз ҳунармандони кишварҳои дигар истифода накардаем.»

Сафаргул Олимӣ: «Оқои Фараҷуллоҳ, бигӯед, ки оё чаро маҳз ҳамин ҳоло ин филм пешниҳоди тамошобин шудааст? Ба ҷузъ муарифии шахсияте ба монанди паёмбар Юсуф ва тарғиби ахлоқи накуву парҳезкории бемисол, боз низоми давлатдорӣ, ташкилу пешбурди дурусти иқтисоду иҷтимоъ ва ҳамзистии осоиштаву нек бо ҳамсоягон низ яке аз ҷойҳои муҳимро дар ин филм мегиранд. Магар ҳадаф инчунин дар ин замоне, ки бӯҳрони иқтисодй ҷаҳонро домангир аст, раҳнамоии мардум ба чунин самтҳо низ будааст?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «На, ҳадафи мо ин набудааст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки Қуръон беҳтарин фарҳанг, беҳтарин маърифат ва роҳкушову раҳнамун аст. Ва агар ҳукуматдориву иқтисод ва роҳҳои хуби ҳамзистй бо ҳамсоягон ва масоили рӯзро тамошобин дар ин филм мебинад ва пайдо мекунад, боз ҳам ин аз тасаддуқи Қуръон асту Ислом. Ин арзишҳоест, ки то ҳол руяшон кор карда нашудааст ва мо хостем онҳоро мавриди таваҷҷӯҳ ва баҳрабардории мардум қарор бидиҳем.»

Искандари Хоҷамирзода: «Оқои Фараҷуллоҳ, оё дар пайи ин қиссаи Қуръонй шумо боз филмҳои дигареро дар мадди назар гирифтаед?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Иншоаллоҳ, қиссаи Ҳазрати Юнус паёмбар, Ҳазрати Яҳёи паёмбар, Ҳазрати Узайри Набӣ дар барномаи кори ман ҳаст, навиштаам, ва умед дорам то умр ҳаст, то зиндаам, даст аз домани Қуръон набардорам.»

Искандари Хоҷамирзода: «Оқои Фараҷуллоҳ, хуб мешуд, каме дар бораи худ қисса мекардед. То мардуми тоҷик хубтар бо шумо ошной пайдо кунанд.»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Худо тавфиқ додааст, ки ман аз хурдй дар пойи минбари Қуръон ва муъизаи Ислом бузург шудам. Фарзандони ман ҳарду руҳонй ва уламои дин ҳастанд. Ва аз авоили инқилоб вориди арсаи ҳунар шудам, ҳунари синамо ва теъдоде аз филмҳоро бозй кардаам ва чанде матнҳои зиёди қуръонй навиштам ва филмҳое чун Айюби Паёмбар, қиссаи Асҳоби Каҳф ва Юсуфи Паёмбар аз навиштаҳо ва сохтаҳои худам ҳаст.»

Сафаргул Олимӣ: «Бале, ташакур оқои Фараҷуллоҳ ва суоли дигари ман аз ҷониби шунавандаҳои мо ва мухлимони филми шумо ҳаст. Мешавад, ки каме дар бораи ҳунарманди нақши асосй, ки Юсуф паёмбарро бозидааст, қисса кунед ва оё ин дуруст аст, ки вай баъди бозидани нақши паёмбар дигар ҳозир нашудааст, ки нақши дигаре бозй кунад?

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «На, чунин нест. Бозигари нақши Юсуф хатмкардаи бахши мудирияти санъатй мебошад ва то ин вақт ягон бор дар синамо нақш набозидааст. Аммо ҳоло ӯ тасмим дорад, ки танҳо дар филмҳои арзишманд ва мазҳабй ифои нақш кунад. Аввалин бор нақши Юсуф Паёмбарро бозӣ кардааст.»

Сафаргул Олимӣ: «Ному насабашон оқои Фараҷҷуллоҳ ва оне ки нақши кӯдакиҳои Юсуфро бозидааст, ӯ кист?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Ду нафар кӯдакиҳои ҳазрати Юсуфро бозй кардаанд, ки яке Имони Хусравй, ки 7 сол дорад, дигаре Саидҳусейни Ҷаъфарй, ки 12-13 сола буд. Ин ҳам оқои Мустафо Замонист, ки 26-27 сол дорад.»

Искандари Хоҷамирзода: «Мехостам аз шумо бипурсам, ки шумо, ки бо ин филматон дар Тоҷикистон ин қадар маҳбубият пайдо кардаед, оё мехоҳед аз Тоҷикистон дидан кунед, то аз наздик худ бубинед, ки воқеан мардуми тоҷик ошиқи ин ҳунари шумо шудаанд?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Ин албатта бастагй ба шумо, дӯстони тоҷик дорад. Агар шумо дастур бидиҳед ва хоста бошед, ман ҳатман меоям ба Тоҷикистон. Ман дуст дорам ва хушҳол мешавам агар биёям ба кишвари шумо.»

Сафаргул Олимӣ: «Ва суоли охирин ин аст, ки ин филм бо чй қадар сармоягузорй ва дар чй қадар фурсат сохта шудааст. Мушкиле дар сохтани ин филм дар пешоруи шумо будааст?»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Барои ин филм мо ҳудуди 7 миллиард туман масраф кардем. Ин барои филмсозӣ дар Эрон сармояи зиёде
"Ман аз мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки агар ин филмро писандиданд, барои мо дуои хайр кунанд. Музди мо дуои хайри онҳост"
нест. Магар ки агар кишварҳои фақир ҳамин маблағро натавонанд пайдо кунанд. Зеро барои филмсозӣ дар Эрон то 30 миллиард туман масраф мешавад. Шояд бовар накунед, хоҳари азиз, аммо ман бояд бигуям, ки сохтани филми Юсуф аслан барои мо мушкил набуд. Мо ҳама ин филмро аз сари ишқу муҳаббат ва ихлос сохтаем. Сохтани филми Юсуф барои мо ибодат буд, ҳукми ибодатро дошт. Ва ибодат одамро ҳаргиз хаста намекунад. Сохтани он ширину дӯстдоштанй буд. Мо аз сохтани он лаззат мебурдем. Як фазои маънавй ва мазҳабй буд. Ҳама аз сари сидқ кор мекарданд.»

Сафаргул Олимӣ: «Ташаккур, оқои Фараҷуллоҳ, ки ҳозир шудед бо мо сӯҳбат кунед.
Искандари Хоҷамирзода: «Агар дар охир паёме дошта бошед барои мухлисонатон дар Тоҷикистон, бифармоед.»

Фараҷуллоҳи Силоҳшӯр: «Ман аз мардуми хуби Тоҷикистон ду хоҳиш дорам: Яке ин ки агар ин филмро писандиданд ва дӯст доштанд, барои мо дуои хайр кунанд. Музди мо дуои хайри онҳост. Дуввум, ин ки вақте филми Юсуфро тамошо мекунанд, чун як қиссаи қуръонист, бисёр бодиққат ба он гӯш бидиҳанд, зеро нукоти зарифе дорад, ки агар диққат накунанд, аз даст медиҳанд. Арзи дигаре надорам, боқй шуморо ба Худо месупорам.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG