Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтумонҳои Медведев ва Обама дар мавриди Эрон


Раисҷумҳури ИМА Барак Обама гуфт, ки дар номааш ба президенти Русия Дмитрий Медведев ягон муомилае пешниҳод накардааст, ки агар Маскав Теҳронро мутмаин кунад, то аз кӯшишҳои тавлиди мушакҳои дурпарвоз даст кашад, Вошингтон дар навбати худ нақшаи истиқрори сипари мушакӣ дар Аврупои шарқиро лағв хоҳад кард.

Дирӯз рӯзномаҳои “Ню-Йорк таймс” ва “Вошингтон пост” хабар доданд, ки Обама чунин додугирифтро дар мактубаш, ки моҳи феврал дар Маскав тавассути мақомдорони аршади Кохи сафед ба дасти сарвари Русия супурда шуд, пешниҳод кардааст.

Дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Бритониё Гордон Браун Обама ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки ин гузориш ғайридақиқ аст.

Раҳбари Амрико муҳтавои номаашро ба Медведев чунин шарҳ дод: “Дар он нома ман навишта будам, ки то андозае ҳувайдост ки агар мо дилбастагии Эрон ба тавлиди таслиҳоти ҳастаиро коҳиш диҳем, ин дар навбати худ ба камшудани фишор ба зарурати системаи зидди мушакӣ меорад”

Қаблан дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Мадриди Испания Медведев тасдиқ кард, ки дар номаи Обама гап дар бораи ҳеҷ кадом тиҷорате намерафт. Медведев, ки ба Испания сафари корӣ анҷом медиҳад, номаро мусбат арзёбӣ намуда гуфт, ки ин аломати он аст, ки Вошингтон мехоҳад ҳамкориро бо Маскав густариш диҳад.

Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Наталия Тимакова дарёфти номаи раҳбари Амрикоро тасдиқ намуда гуфт, ки ин нома посух ба мактуби Медведев ба Обама мебошад, ки раҳбари Русия онро чанде баъд аз интихобшавии Обама навишта буд. Тимакова низ тасдиқ кард, ки нома ягон пешниҳодҳои муомила надошт.

Русия пайваста ба нақшаи ИМА барои истиқрори сипари дифои зидди мушакӣ дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон мухолифат мекунад. Ин нақша аз ҷониби ҳукумати раисҷумҳури собиқи Амрико Ҷорҷ Буш ироа шуда буд.

XS
SM
MD
LG