Пайвандҳои дастрасӣ

Бозорҳои авроқи гаронбаҳои олам бори дигар назмро аз даст додаанд, зеро бар пояи иттилои расмӣ бузургтарин ширкатҳои молии ИМА ва Британия дар вартаи амиқтари бӯҳрони иқтисодӣ қарор доштаанд.

Рӯзи сеюми март баъди нашри ахбори нигаронкунанда аз бозорҳои молии Лондону Ню-Йорк нархи саҳмияҳо дар калонтарин бозори Осиё, бозори Токио ба поинтарин нуқта дар 25 соли ахир бархӯрд. Бозорҳои кишварҳои дигари осиёӣ низ ҳамин тамоюлро идома доданд. Рӯзи дуюми март индекс ва ё шохиси бозори Dow Jones-и Ню Йорк ба поинтарин нуқтаи 12 соли ахир фаромад.

Ба қавли коршиносон, сабаби поиншавии нархи саҳмияҳо эълони хисороти бузургтарини ширкати бимаи ИМА - American International Group аст, ки тибқи омори расмӣ дар се моҳи ахири соли 2008-ум беш аз 61,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар давоми соли 2008-ум American International Group 100 миллиард долларро аз даст додааст. Ҳукумати ИМА бори дигар иқдом намуда, ваъда дод, ки барои охирин бор ба ин ширкати бима 30 миллиард доллар қарз медиҳад. Сухангӯи Қасри Сафед Роберт Гибс мегӯяд, Вашингтон саъй дорад, аз варшикастагии American International Group ҷилавгирӣ кунад.

Ҳодисаи дигаре, ки итминони сармоягузоронро заиф кардааст, эълони хисороти бузургтарин бонки Аврупо - бонки англисии HSBC аст, ки 70% даромади солонаи онро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG