Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Амрико мехоҳад бо 30 миллиард доллари кӯмак бузургтарин ширкати бимаи кишвар AIG-ро аз бӯҳрон раҳо кунад.

Ин баёния дар ҳоле садо дод, ки ширкати AIG (American International Group) хабар дод ки дар семоҳаи чорум 61 миллиарду 700 миллион доллар зарар дидааст, ки ин бузургтарин зиёни як ширкат дар таърихи Амрико мебошад.

Ин бори севум аст ки Вошингтон бо кушиши наҷоти бузургтарин ширкати бимаи кишвар ба он миллиардҳо доллар сармоягузорӣ мекунад. Ин ҳодиса бозорҳои бурси Амрико ва ҷаҳонро нигарон кард ва шохисҳо босуръат поён афтод.

Дар Амрико шохиси Доу Ҷонс ба 3 %, шохиси Эс энд Пи ба 3,4% ва Насдак ба 2,9% фурӯ рафт.

Мутахассисони соҳа мегуянд ки вазъи хавфноки AIG ва кушишҳои бенатиҷаи ҳукумат барои наҷоти он такрори дарси дерина барои ҳамаи сармоягузорон мебошад.

Пажӯҳишгарони соҳаи иқтисод ва низоми молӣ дер боз ҳушдор медоданд ки аз ташкили ба ном императориҳои бозаргонӣ бояд худдорӣ кард, зеро ҳангоме ки як ширкати бениҳоят бузург дигар ширкатҳоро фурӯ бурда талош мекунад, дар ҳамаи риштаҳои бизнес фаъолият кунад дар аксар вақт ин муассисаро муфлисшавӣ ва шикаст мунтазир аст. Ба ҳайси мисол онҳо ширкати AT&T-ро ба ёд меоранд ки соли 1960 бо иштиёқи зиёд кӯшиш кард ҳарчи бештар бузург шавад ва зиёда аз 350 ширкат аз ҷумла силсила меҳмонсароҳои Шератонро харид. Дар натиҷа баъд аз ҷанҷолҳо ва бохти маблағҳои зиёд соли 1995 ин ширкат ба хотири наҷот аз бӯҳрон ба се қисми мустақил тақсим шуд.
Ширкати бимаи AIG соли 2008 аллакай аз ҳукумат 150 миллиард доллар кӯмак гирифт, аммо ба ин нигоҳ накарда мутахассисон вазъи онро ҳоло ҳам хатарнок меноманд.

Ин дар ҳолест ки бузургтарин бонки аврупои HSBC дар Лондон эълон кард нақша дорад аз аз тарқии фурӯши саҳмияҳояш дастикам 18 миллиард доллар ба даст биёрад. Мақомоти бонк гуфтаанд ки дар натиҷаи бӯҳрони бозори манзили Амрико даромади нохолиси бонк дар соли 2008 ба 70% коҳиш ёфтааст.

Хабарҳои нохуш дар бораи вазъи ширкати AIG ва бонки HSBC ба бозори саҳомии Амрико таъсири манфӣ расонда, феълан шохиси Доу Ҷонс дар поинтарин нишондодаш дар 12 соли ахир қарор дорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG