Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба варзишгарони хориҷӣ дар Лоҳур


Дар шарқи Покистон дастаи крикет аз кишвари Шри-Ланка мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Крикет шояд аз маҳбубтарин навъҳои варзиш дар Покистон аст ва аммо ба назар мерасад, ки ҳаводорони он солҳои наздик аз тамошои бозиҳои дастаҳои хориҷӣ маҳрум хоҳанд монд. Дастаи крикети Шри-Ланка ягона тими мунтахабе буд, ки тайи моҳҳои ахир барои бозӣ дар майдони Покистон розӣ шуд. Коршиносон мегӯянд, баъд аз ҳамла ба ин даста дар Лоҳур, ки зимнан бархе онро бо ҳамлаи мусаллаҳони фаластинӣ ба варзишгарони исроилӣ дар Бозиҳои олимпии соли 1972 дар Мюнхен дар як саф мегузоранд, гумон аст, ки ягон дастаи дигар барои сафар ба ин кишвар изҳори омодагӣ кунад.

Ба иттилоъи раиси полиси Лоҳур Ҳабиб-ур-Раҳмон, мусаллаҳони ношинос бо автомату гранатомет ва норинҷак ба автобус бо варзишгарони Шри-Ланка замоне ҳамла оварданд, ки автобус дар наздикиҳои варзишгоҳи Қаддофӣ суръати ҳаракати худро андаке паст кард. Ин варзишгоҳ, ки дар он то 60 ҳазор ҳаводорони варзиш метавонанд аз тамошои бозии крикет ҳаловат баранд, дар маркази Лоҳур ҷойгир аст ва аз варзишгоҳҳои маъруфи Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб мешавад.

Даргирии миёни кормандони полис ва ҳамлагарон тақрибан 15 дақиқа идома дошт. Дар ин задухурд 5 корманди полис кушта шуд. Намояндаи Комиссиюни Олии Шри-Ланка дар Исломобод гуфт, ки бар асари ҳамла панҷ бозигар ва ёвари мураббии даста Пол Фарбраке маҷрӯҳ шуданд. Як афсари полиси Покистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Лоҳур ин ҳамларо чунин тасвир кард: “Онҳо дар рӯй ниқоб доштанд ва бо гранатомёту норинҷакҳои дастӣ ва автоматҳои Калашников пайдо шуда, сӯи варзишгарони Шри-Ланка оташ кушоданд”.

Капитани тими Шри-Ланка Маҳела Ҷаявардене гуфт, ки афроди мусаллаҳ аввал ба чархҳо ва баъдан ба худи автобус оташ кушоданд. Ба гуфтаи ронандаи автобус, яке аз ҳамлагарон ба зери автобус норинҷак партоб кард, вале он инфиҷор нашуд. Ронандаи автобуси дигар, ки дар он доварони бозӣ аз Австралия нишаста буданд, аз тири ҳамлагарон ба ҳалокат расид. Ҳама варзишгарон, аз ҷумла, маҷрӯҳон ба таври оҷил тавассути чархболҳо ба ватанашон интиқол ёфтанд.

Вазири умури хориҷаи Шри-Ланка Роҳита Баголлагама, ки айни ҳол дар шаҳри Катманду - пойтахти Непал аст, гуфт, ки “ин рӯзи ғамборест барои бозии крикет. Ва мо дар Шри-Ланка ҳама гуна навъҳои хушунатро маҳкум мекунем ва ба вижа хушунат алайҳи дастаи варзишӣ ва тими мунтахаби машҳурро. Мо аз ин ҳодиса хело ғамгинем”.

Ба гуфтаи кормандони полис, нафаре аз ҳамлагарон кушта ва ё боздошт нашудааст ва айни ҳол дар кадом мавзеъ паноҳ бурдани онҳо низ равшан нест. Шерӣ Раҳмон, вазири иттилоот ва радиои Покистон, гуфт, ки ҳадаф аз ин ҳамла вуруди латма ба обрӯи Покистон аст.

Роҷа Риёз Аҳмад, яке аз раҳбарони Ҳизби ҳукмрони мардумии Покистон низ ин ҳамларо бо талошҳои бадном сохтани кишвараш марбут кард. Ба гуфтаи ӯ, “дар сатҳи байнулмилалӣ бархе кишварҳо ва аз ҳама бештар Ҳиндустон ба Покистон тӯҳмат мезананд, то ки онро кишвари террористӣ эълон кунанд. Вале мо ҳамроҳ бо раҳбарони давлат ҳамроҳ бо сарвазир ва раисҷумҳур Осеф Алӣ Зардорӣ ҷанг бо террористонро идома медиҳем. Мо мубориза мебарем ва дар ҷанг бо террористон пирӯз шуда, онҳоро аз кишварамон берун меафканем. Ва фақат он вақт мо осуда хоҳем шуд”.

Дастаи Шри-Ланка баъд аз он пешниҳоди сафар ба Покистонро пазируфт, ки Ҳиндустон пас аз аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба шаҳри Мумбай рӯзҳои аз 26 то 29 ноябри соли гузашта бозии дастаи кишвараш дар варзишгоҳи Покистонро лағв кард.

Замон Хон, яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Лоҳур мегӯяд, ки аз ин баъд ягон дастаи крикет ба Покистон сафар нахоҳад кард. Аз нигоҳи ӯ, мақомоти кишвар барои дифоъ аз варзишгарони Шри-Ланка бояд аз чораҳои иловагии амниятӣ кор мегирифтанд.

Дар ҳамин ҳол раҳбарони Кумитаи байнулмилалии крикет изҳор намуданд, ки баъд аз ҳамлаи ахир онҳо ба ҷадвали бозиҳои қаҳрамонии олам оид ба крикет, ки соли 2011 баргузор мешавад, тағйирот ворид мекунанд. Дар ин бозиҳо аз Осиёи Ҷанубӣ дастаҳои Покистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва Бангладеш ширкат доранд.


XS
SM
MD
LG