Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ММТУ - барандаи Ҷоми президенти Туркманистон


Дастаи футболи МТТУ - Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия - барандаи Ҷоми президенти Туркманистон шуд.

МТТУ дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Сконто»-и Латвия бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ҳалкунандаро Азат Гараҷаев дар дақиқаи 66-уми дидор ба самар расонд. МТТУ, ки барои бори чаҳорум ба финал баромад, севумин бор соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 000 доллар гардид. Ба аъзои дастаи «Сконто» 10 000 доллар супурда шуд.

Дастаи «Ишқобод», қаҳрамони футболи Туркманистон, ки барои ҷои севум «Ганҷасар»-и Арманистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт, бо 5 000 доллар сарфароз гашт.

Вячеслав Кренделев («Ишқобод») беҳтарин бозигари мусобиқот эълом шуд. Герман Малин («Сконто») беҳтарин дарвозабон, Армен Татинсян («Ганҷасар») беҳтарин ҳимоятгар, Андрей Переплеткин («Сконто») беҳтарин нимҳимоятгар ва Бердӣ Шоҳмуродов (МТТУ) беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Нӯҳ нафар, аз он ҷумла Мансурҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки 2-тӯбӣ задаанд, ба рӯйхати беҳтарин голзанҳои мусобиқот дохил гардиданд.
XS
SM
MD
LG