Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоми кормандони ОМОН ба ғоратгарӣ ва ҷиноят


Аъзоёни як гурӯҳи ҷинояткор, ки иборат аз кормандони ОМОН ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон будааст, дастгир шудаанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохила, се нафар аъзои дастгиршудаи ин дастаи муташаккил раиси бахши навбатдории ОМОН Тоҳир Раҳимов, ҷонишини командири шуъбаи ОМОН Равшан Ҳомидов ва ҳамчунин шаҳрванд Хуршед Исломов мебошанд.

Гуфта мешавад, нафари чаҳоруми ин гурӯҳ – корманди Идораи марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхуҷа Низомов аз мақомот пинҳон шудааст ва мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Ба иттилои ин сарчашма, гурӯҳи мазкур дар робита ба ҳамлаи ғоратгарона ба казинои «Помир»-и ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешавад.

Шаби 15-уми феврал афроди ниқобпӯши мусаллаҳ вориди казинои «Помир» шуда, бо зуроварӣ ва таҳдид ҳудуди 40 ҳазор доллар ва дигар амволи ин казино, ҳамчунин телефонҳои ҳамроҳ ва калидҳои мошинҳои муштариёни ин казиноро ба ғорат бурданд. Ва ҷараёни ин амали ғоратгарӣ дар дастгоҳи видеоии казино сабт шудааст. Ғоратгарон дар мошини «Lexus-350»-и марбут ба яке аз муштариён ҷои ҳодисаро тарк кардаанд ва ин мошин субҳи рӯзи дигар дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе ёфт шудааст.

Ин сарчашма дар вазорати корҳои дохила гуфтааст, ки гурӯҳи мазкури ҷинояткор дар пиёдасозии як қатор аъмоли ғоратгарӣ ва ҷиноии дигар низ гумонбар дониста мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG