Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии «Парвоз» дар Туркманистон


Дастаи футболи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии Ҷоми президенти Туркманистон маҳрум шуд.

«Парвоз» бозии даври охиринро дар гурӯҳи «В» бо дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Бозии дигари ин гурӯҳ байни «Ишқобод»-и Туркманистон ва «Ганҷасар»-и Арманистон бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «В» дастаи «Ишқобод» бо 7 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифт. «Ганҷасар» бо 3 имтиёз дуввум шуд. «Ишқобод» ва «Ганҷасар» ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. «Парвоз» ва Баҳрайн, ки 2-имтиёзӣ ба даст оварданд, аз идомаи мубориза барои Ҷоми президенти Туркманистон маҳрум шуданд.

Дар сабқати гурӯҳи «В» МТТУ (Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия)-и Ишқобод бо 9 имтиёз ғолиб шуд. «Сконто»-и Латвия бо 4 имтиёз ҷои дуввумро касб кард. «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо 2 имтиёз дар ҷои севум ва «Ҳиммат»-и Эрон бо 1 имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтанд.

Дар даври ниманиҳоӣ, ки 27-уми феврал барпо мешавад, «Сконто» бо «Ганҷасар» ва МТТУ бо «Ишқобод» рақобат хоҳанд кард.

Барандаи Ҷоми президенти Туркманистон 28-уми феврал муайян хоҳад шуд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.
XS
SM
MD
LG