Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти маорифи Ӯзбакистон дар ин авохир дастур додаанд, ки волидайн фарзандони худро аз масҷид ва интернет-кафеҳо канор бигиранд.

Мақомоти маорифи кишвар ин иқдоми худро ба он рабт додаанд, ки мехоҳанд аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон ва кӯдакон ҷилавгирӣ кунанд. Аммо аксари мардуми Ӯзбакистон инчунин дастури мақомотро муборизаи идомадори ҳукумат дар муқобили дин ва дигарандешӣ унвон кардаанд.

Мудири яке мактабҳои вилояти Андиҷон мегӯяд, бисёр маврид омӯзгорон ба масҷид мераванд, то садди намозгузории толибилмон дар масоҷид шаванд.

Ин омӯзгори андиҷонӣ, ки бидуни зикри номаш бо бахши ӯзбакии радиои “Озодӣ” сӯҳбат дошт, гуфт, омӯзгорон ба ин кор бо дастури мақомоти Вазорати маориф даст мезадаанд, ки садди рафтани кӯдакон ва наврасон ба масҷид шаванд.

“Ман аз раҳбарони синфҳо хоҳиш кардам, ки зери назорат дошта дошта бошанд, ки шогирдонашон ба масҷид мераванд ва ё на ва дар посух онҳо ҷавоби рад доданд. Вале ба ҳар сурат мо барои назорат ба масоҷид меравем. Ҳатто омӯзгорон хонандагони дигар мактабҳоро низ дар масҷид бубинанд, онҳоро маҷбур мекунанд, ки ба мактаб раванд, на масҷид”.

Мудири мактаб аз Андиҷон мегӯяд, ҳарчанд барои намозгузорӣ ва ба масҷид рафтан синну соли муайян нест, аммо мақомоти маорифи кишвар дастур додаанд, ки ноболиғон ба масҷид нараванд. Ҳамчунин ахиран мақомот дар вилояти Андиҷон аз волидайн тақозо кардаанд, ки барои нарафтани фарзандонашон ба масҷид, интернет-кафе ва маҳофили бозиҳои компютерӣ кафолати катбӣ диҳанд. Абдуғаффор Дадабоев низ аз ҷумлаи он волидайнест, ки чунин кафолатро ба мақомот додааст, ва ӯ ба радиои “Озодӣ” гуфт:

“Онҳо як санадеро ба мо доданд, ки ҳама волидони толибилмон онро бояд пур кунем. Ин ба қарордоди мактаб ва волидон изофа мешавад. Онҳо моро маҷбур карданд, ки нависем: ”Ман кафолат медиҳам, ки фарзандони ман сари вақт ба мактаб меоянд, иштироки кӯдакон дар дарсҳоро зери назорат мегирам, кафолат медиҳам, ки ба кадом як гурӯҳе намепайвандад ва ба интернет-кафе намеравад.”

Ҳарчанд мақомот ин иқдомро мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон унвон мекунанд, аммо аксаран мардум онро як бахши маҳдуд кардани идораҳои мазҳабӣ дар кишвар меноманд.

Таври маълум мақомоти ҳукумати Ӯзбакистон ба гурӯҳ ва марказҳои мазҳабӣ муносибати таҳаммулнопазирӣ дорад. Раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов, борҳо гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ аз ҷумла Ҳизб-ут-таҳрирро дар баҳам задани сохти конститутсионӣ дар кишвараш муттаҳам кардааст. Зеро аз ин пеш Ӯзбакистон чанд дафъа ба амалҳои ваҳшатафканӣ мувоҷеҳ шудааст.

Дар соли 1999 чунин як ҳамла дар Тошканд сурат гирифта буд, ки бар асари он 16 нафар кушта ва 100 нафар захмӣ шуда буданд. Дар робита ба ҳодисаҳои соли 2005-и Андиҷон мақомоти Ӯзбакистон гурӯҳҳои мазҳабии тундравро муттаҳам мекунад. Дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки аксари мардум зери хатти фақр зиндагӣ доранду озодии сухан ва матбуот хеле маҳдуд аст, теъдоди афроди норозӣ меафзояд. Ва ҳукумат аз ҳама гуна ҳамоиши мардум, ҳамчунин ҷалби ба хусус наврасон ба гурӯҳҳои мазҳабӣ ва интернет-кафеву дигар марказҳо, ки боиси дигарандешии насли нав мешавад, меҳаросад ва бо ҳар усулу иқдом талош дорад, ба ин садд гузорад.
XS
SM
MD
LG