Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба назар мерасад, ки дар ҳамоиши НАТО дар шаҳри Кракови Лаҳистон ИМА ба кишварҳои Аврупо фишор хоҳад овард, то ки онҳо ба Афғонистон нерӯи бештар эъзом кунанд.

Таҳлилгарон ба чунин хулоса баъд аз эълони Вошингтон дар бораи тасмими фиристодани 17 ҳазор сарбозӣ иловагӣ ба он кишвар омадаанд. Интизор меравад вазири дифоъи Амрико дар гуфтушунуди дурӯза аз 25 аъзои НАТО дархост хоҳад кард, ё нерӯи бештар фиристанд ё нерӯҳояшонро ба минтақаҳои хатарнок интиқол дода, монеи афзоиши ҳузури Толибон ва дигар гурӯҳҳо шаванд ва ба устувории ҳукумати Карзай мусоидат кунанд.

Айни ҳол дар Афғонистон дастикам 30 ҳазор нерӯи Амрико мустақар аст ва эъзоми артиши иловагии амрикоӣ баҳор ё тобистони соли ҷорӣ оғоз мегардад. Дар пешорӯи ҳамоиши Краков Ҷоел Фитзгиббон, вазири дифоъи Австралиё, ки узви НАТО намебошад, аз тасмими Амрико дар бораи афзоиши нерӯҳояш истиқбол намуда гуфт, ки агар кишварҳои Аврупо сарбози бештар фиристанд, ҳукуматаш омодааст ба онҳо пайравӣ кунад.

Дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Скай ТВ” Фитзгиббон эълом намуд, ки “кишвараш ҳамеша дархостҳои наздиктарин ҳампаймони худро бо ҷиддият баррасӣ мекунад, аммо то замоне ки кишварҳои аъзои НАТО изҳори омодагӣ ба фиристодани нерӯҳои иловагӣ накунанд, Австралиё низ чунин гомро бардошта наметавонад”. Феълан дастикам як ҳазор сарбози Австралиё дар Афғонистон мустақаранд ва миёни кишварҳое, ки узви паймон нестанд, ин бузургтарин намояндагист.

Интизор меравад, кишварҳои НАТО барои таъмини амнияти интихоботи қарибулвуқуъи Афғонистон шумораи сарбозонашонро афзоиш диҳанд. Аз ин кишварҳо даъват хоҳад шуд барои таълими неруҳои амниятии маҳаллӣ гурӯҳҳои тамринии бештар фиристанд.

Бино бар гузориши тозанашршудаи маркази пажуҳишии “РЭНД корпорайшен”, зарурат ба як стротежии нав вуҷуд дорад, то ки нерӯҳои байнулмилалӣ бештар бо тамрини артиши афғонӣ машғул шаванд, на бо задухурдҳо бо душман. Дар ин санад омадааст, ки “шубҳанок ба назар мерасад, ки Амрико ва НАТО дар танҳои тавонанд Толибон ва дигар гурӯҳҳои шӯриширо дар Афғонистон шикаст диҳанд”.

Бино бар иттилоъи дипломатҳо, Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, дар ин нишаст ихтисоси чархбол ва ҳавопаймоҳои боркаши бештарро талаб кунад. Дар нишаст кӯшишҳои дипломатӣ барои таъмини роҳҳои алтернативии таъмини артиши байнулмилалӣ дар Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Русия ҳамчун яке аз роҳҳои калидии транзити заминии муҳимот ба Афғонистон маҳсуб мешавад ва Кохи сафед талош дорад мушкилиҳои ба миён омада байни Вошингтону Маскав баъд аз ҷанги Русияву Гурҷистон ва нақшаи истиқрори сипари зидди мушакӣ дар Аврупои марказиро бартараф намояд. Сухангӯи НАТО Ҷеймс Апатурай гуфт, Русия пешниҳод кард, НАТО қаламравашро барои интиқоли муҳимотӣ низомӣ истифода барад ва паймон ин пешниҳодро пазируфтааст.
XS
SM
MD
LG