Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Network Marketing - тиҷорат ё қаллобӣ?


Фарзона як сол қабл бо пешниҳоди дӯсташ шомили яке аз ширкатҳои тиҷорати шабакавӣ шуд.

Мувофиқи талаботи ин тиҷорат, ӯ бояд яке аз маҳсулоти гаронарзиши ширкатро интихоб намуда, ҳамчунин чанд нафари дигарро барои пайвастан ба ин тиҷорат ҷалб мекард. Аммо ба гуфтаи Фарзона, ӯ аз тиҷорати шабакавӣ на фоида, балки зарар дидааст.

Фарзона мегӯяд, ҳангоме ки ӯ ба тиҷорати шабакавӣ пайваст, дар зери таъсири равонӣ аз сӯи нафарони омӯзондашуда қарор дошт ва танҳо дар мавриди ба даст овардани маблағи ҳангуфт андеша мекард. Барои аъзо шудан ба ин тиҷорат Фарзона 500 доллар пардохт кард, маблағе ки аз чандин нафар қарз гирифта буд.

Аммо Неъматулло, як ҷавони фаъоли тиҷорати шабакавӣ, бар ин аст, ки комёб шудан дар ин навъи тиҷорати асри нав ба маҳорати ҳар нафар бастагӣ дорад. Неъматулло аз ҷумла афзуд, тиҷорати мазкур бо эътимод буда, дар кишварҳои Аврупо солҳои тӯлонист, ки кор бурда мешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, маҳз истифодаи усули мухталифи таъсиррасонии равонӣ боиси он шудааст, ки аъзоёни тиҷорати мухталифи шабакавӣ дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба маротиб боло равад.

Танҳо дар вилояти Хатлон то имрӯз беш аз ҳазор нафар ба ширкатҳои тиҷорати шабакавӣ пайвастаанд ...
Орзу Ҳомидов, коршиноси ҷавон, ахиран дар ин замина пажӯҳише анҷом дода муайян кардааст, ки ғолибан ҷавонони бекор ва занони хонанишин ба хотири дар фурсати кӯтоҳ соҳиб шудан ба суди қобили таваҷҷӯҳ шомили тиҷорати шабакавӣ мешаванд. Аммо ба гуфтаи Орзӯ, ин намуд ширкатҳо на ба хотири сарватманд кардани муштариён, балки ҷиҳати ба зудӣ фурӯхтани маҳсулоташон созмон дода мешаванд. Орзу Ҳомидов аз ҷумла гуфт, танҳо дар ҳудуди вилотяи Хатлон то имрӯз беш аз ҳазор нафар ба ширкатҳои тиҷорати шабакавӣ пайвастаанд.

Иқтисодшинос Одил Давлташоев мегӯяд, ин намуди тиҷорат аксаран дар кишварҳое, ки теъдоди зиёди аҳолияш бекор ва ё даромади пасти иқтисодӣ дорад, роҳандозӣ мешавад. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, аксаран молҳое, ки аз ҷониби ин гуна ширкатҳои тарғиб ва пешниҳод мешаванд, бозоргир набуда, ба нархи муайянгардида низ арзанда нестанд.

Ба андешаи равоншинос Насимҷон Раҷабов, ҳарчанд яке аз сабабҳои шомил шудани нафарони зиёд ба ин навъи тиҷорат таъсири равонӣ бошад, аз ҷониби дигар эътимод доштан ба шахси ҷалбкунанда низ нақши муҳим мебозад. Зеро дар аксар маворид ин амал аз сӯи пайвандон ва дӯстони наздик сурат мегирад ва шахс ночор вориди тиҷорат мешавад.


Тиҷорати шабакавӣ дар ҳоле дар Тоҷикистон густариш меёбад, ки ахиран вазорати умури дохилаи кишвар гурӯҳи қаллобони яке аз чунин ширкатҳоро ошкор кардааст. Масъулини ин ниҳод аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар Тоҷикистон теъдоди чунин гурӯҳҳое, ки бо истифода аз усули тиҷорати шабакавӣ садҳо сокинони кишварро ба доми фиреб мекашанд, зиёд шудааст.
XS
SM
MD
LG