Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодгоҳ -- ҳавопаймо


Наргис Достиева, як сокини ноҳияи Ҳисор, дар дохили ҳавопаймои ширкати Тоҷикэйр, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, духтарча таваллуд кардааст.

Назира Давлатова, сухангӯи ширкати Тоҷикэйр, гуфт, ин воқеа шоми 9-ум ба 10-уми феврал иттифоқ афтод. Дар таваллуди кӯдак аъзои сарнишини ҳавопаймо ҳамроҳ бо як мусофир, ки табиби эҳёгар будааст, кӯмак карданд.

Тавре мо бо Наргис Достиева сӯҳбат кардем, ҳодиса ин тавр будааст, ки ӯро табибон дар маҳалли кораш гуфтаанд, ки метавонад ба ватанаш баргардад ва итминон додаанд, ки то рӯзи таваллудаш ҳанӯз ду-се рӯз вақт аст ва бе мушкил метавонад аз тариқи тайёра парвоз кунад. Вале пас аз якуним соати парвоз дар Наргис дарди таваллуди кӯдак шурӯъ шудааст ва бо дастури раҳбари экипажи ҳавопаймо қарор шуд, ки парвоз идома кунад ва занҳои узви экипаж ба Наргис ёрии аввалини тиббӣ расонанд.

Хушбахтона, таваллуд бомуваффақ буд ва пас фуруди ҳавопаймо дар Душанбе ёрии таъҷилӣ Наргисва кӯдакашро ба зоишгоҳи рақами 2-и Душанбе расондаанд ва феълан вазъи саломатии ҳар ду хуб аст.

Раҳбарияти ширкати Тоҷикэйр Наргис ва хонаводаашро бо таваллуди духтарча табрик карда ва қарор ас,т имрӯз аз тарафи ширкат як аробачаи тифлона ва либоси навзоди ба ӯ тақдим шавад.

Дар ду соли ахир ин дуввумин мавриди таваллуди кӯдак дар ҳавопаймоҳои ширкати Тоҷикэйр аст. Дар моҳи декабри соли 2007 дар дохили ҳавопаймои Ту-154, ки дар хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе парвоз мекард, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон писарча таваллуд карда буд.
XS
SM
MD
LG