Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реҷаи барқ дар Душанбе шадидтар шуд


Ширкати «Барқи тоҷик» сар аз 10-уми феврал реҷаи барқ барои сокинони шаҳри Душанберо маҳдудтар кард.

Шаҳрдории Душанбе бо тақозои ширкати давлатии «Барқи тоҷик» реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони пойтахтро шадидтар кардааст. Ҳамакнун дар шабонрӯз 11 соат интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони пойтахт қатъ карда мешавад.

Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, мегӯяд, муроҷиати ширкати «Барқи тоҷик»-ро шаҳрдории Душанбе пазируфтааст ва интиқоли неруи барқ дар кулли маҳалаҳои пойтахт ба истиснои иншооти муҳими давлатӣ рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ ба хонаи сокинони шаҳр қатъ карда мешавад.

Маҳдудияти шадиди барқ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тариқи телевизиони давлатӣ ба сокинони пойтахт гуфта буд, ки зимистони соли равон интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони пойтахт қатъ нахоҳад шуд.

Манобеи вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва ширкати «Барқи тоҷик» шадидтар шудани реҷаи маҳдуди барқро ба интиқол наёфтани 1 миллиарду 200 миллион киловатт соат барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Узбакистон ва ҳамчунин кам шудани оби обанбори нерӯгоҳи Норак рабт медиҳанд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, аз як сӯ ҳаҷми об дар обанбори Норак ва аз суи дигар токунун ҳал нашудани масъалаи интиқоли барқи Туркманистон аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон боис ба маҳдудтар шудани реҷаи барқ шудааст.

Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, феълан дар тамоми манотиқи Тоҷикистон интиқоли барқ маҳдудтар шудааст. Ҳоло дар бархе манотиқи Тоҷикистон, мисли ноҳияҳои Панҷакенту Кӯлобу Рашт дар як шабонарӯз, ҳатто як соати комил ҳам барқ дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Узбакистон интиқоли газашро ба Точикистон 40 дарсад коҳиш дод. Узбакистон сабаби ин тасмими худро ба қарзи Тоҷикистон рабт медиҳад, ки он ба 16 миллион доллар расидааст.

Сокинони пойтахти Тоҷикистон мегуянд, бо маҳдуд шудани интиқоли газу барқ акнун намедонанд, хонаҳои сарди худро бо чӣ гарм кунанд.

Масъулони ширкати Барқи Тоҷик мегӯянд, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ то замони пур шудани обанбори Норак бо об, яъне то фасли баҳор то замони ҷашни «Наврӯз» идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG